Боздошти 3 ронандаи маст дар Душанбе давоми 1 шабонарӯз

Давоми шанбонарӯзи ахир дар Душанбе 3 далели дар ҳолати мастӣ аз машрубот рондани воситаи нақлиёт ошкор шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Қонуншиканон 1 ронандаи атксӣ ва 2 ронандаи автомашинаҳои шахсӣ будаанд. “Ронандагони автомашинаҳои “Хундай” Умедҷон Назиров, “Хундай Старекс” – Саидбек Бандихудоев ва тамғаи “BYD” – Раъно Бобомуродова дар ҳолати […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Давоми шанбонарӯзи ахир дар Душанбе 3 далели дар ҳолати мастӣ аз машрубот рондани воситаи нақлиёт ошкор шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Қонуншиканон 1 ронандаи атксӣ ва 2 ронандаи автомашинаҳои шахсӣ будаанд.

“Ронандагони автомашинаҳои “Хундай” Умедҷон Назиров, “Хундай Старекс” – Саидбек Бандихудоев ва тамғаи “BYD” – Раъно Бобомуродова дар ҳолати мастӣ сари чанбараки мошин боздошт шуданд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ” протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд”, – зикр мешавад дар хабари Раёсат.

Дар ин моддаи Кодекс ҷарима дар ҳаҷми 300 нишондиҳанда барои ҳисоб (21,6 ҳазор сомонӣ – 1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз, инчунин маҳрум кардан аз идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, 7%-и садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ба дар ҳолати мастӣ аз машрубот рондани автомашина марбутанд. Боз сабабҳои зерин ба садамаҳо боис мешаванд: баланд кардани суръати ҳаракат – 58,6%, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат дар роҳ – 25% ва ғайра.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додаааст, ки 11,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст (492 ҳодиса). Бар асари ин садамаҳои нақлиёт 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди ҷабрдидагон 13,3% ва теъдоди ҳалокшудагон – 22,3% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.