Пас аз таҷдид, агрегати чоруми НБО “Норак” ба истифода дода шуд

Агрегати чоруми Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” пас аз таҷдид, ба истифода дода шуд. Таҷдиди нерӯгоҳ панҷ сол пеш оғоз гардида буд. Хадамоти матбуоти раисҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 30-юми август, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафар ба шаҳри Норак гидроагрегати чоруми НБО “Норак”-ро баъди таҷдид ба истифода дод. Сафари Президенти кишвар ба шаҳри Норак аз боздиди рафти […]

Шоира Мадалиева, Asia-Plus

Агрегати чоруми Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” пас аз таҷдид, ба истифода дода шуд. Таҷдиди нерӯгоҳ панҷ сол пеш оғоз гардида буд.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 30-юми август, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафар ба шаҳри Норак гидроагрегати чоруми НБО “Норак”-ро баъди таҷдид ба истифода дод.

Сафари Президенти кишвар ба шаҳри Норак аз боздиди рафти навсозии НБО “Норак” ва ба истифода додани агрегати чоруми он оғоз гардид. Он бо пахши тугма аз ҷониби раисҷумҳур ба кор дароварда шуда, кори агрегат бо гузоштани танга дар болои он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин, президенти кишвар ба масъулин супориш додааст, ки корҳои навсозии дигари агрегат дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.

Ёдовар мешавем, корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар НБО “Норак” ҳанӯз соли 2019 оғоз гардида, барои он 35 миллиону 193 ҳазор евро равона гардид. Ҳамакнун марҳилаи якуми таҷдиди нерӯгоҳ дар ҳоли амалишавӣ қарор дошта, дар доираи он навсозии 3 гирдоагрегати дигар, 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, стансияҳои насосии нерӯгоҳ, ивази 27 крани борбардор, лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шудааст.

Ҳамзамон, дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ иваз карда шуда, анҷоми ин тадбир сифати истеҳсол ва хизматрасониро беҳтар гардонидааст.

Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати якуми нерӯгоҳ баъди навсозӣ 24-уми октябри соли 2022 мавриди истифода қарор дода шуд ва имрӯз бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио