Як вакили рус пешниҳод кард, ки дигар ба зодагони Осиёи Марказӣ шаҳрвандии Русия надиҳанд

Asia-Plus

Сергей Миронов, раиси Ҳизби “Русияи одил-барои ҳақиқат" (Справедливая Россия – за правду) ва вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки додани шаҳрвандии Русия ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳаддиақал то соли 2026 манъ карда шавад.

Ӯ дар телеграм-канали худ аз афзоиши теъдоди шаҳрвандони Русия аз ҳисоби муҳоҷирон интиқод карда суол гузоштааст, ки аз ин Русия чӣ фоида мегирад?

"Чаро садҳо ҳазор шиносномаҳо ба меҳмонони ҷанубӣ дода мешаванд? Чаро анклавҳои этникӣ эҷод мешаванд? Чаро миллиардҳои буҷетро барои таъминоти иҷтимоии ин шаҳрвандони нав сарф мекунем? Аз ин Русия чӣ фоида мегирад?",-гуфтааст ин вакили парлумон.

Ӯ ба ин бовар аст, ки ба таври оммавӣ додани шиносномаи Русия ба муҳоҷирони корӣ танҳо барои гурӯҳи мансабдорони фасодзада ва қаллобон, ки аз ин кор пул ба даст меоранд, манфиат дорад.

"Давлат бояд ба ин мафия муқобилият кунад ва манфиатҳои худро дар соҳаи амнияти миллӣ ҳифз намояд. Аз ҷумла, тавассути мораторий ба додани шаҳрвандии Русия ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Ҳадди ақал то соли 2026. Ва дар ин муддат мумкин аст қонунгузориро танзим карда, хадамоти муҳоҷиратро ислоҳ намоем, онро аз ришватгирон пок созем ва инчунин, қонунияти шиносномаҳои пештар додашударо санҷем", – пешниҳод кардааст ин вакили Дума.

Миронов гуфтааст, ки ҳизби зери роҳбарии ӯ ҳанӯз соли 2022 чунин пешниҳодро карда буд, вале “он вақт аз ҷониби ҳукумат ва Дума дастгирие наёфтем. Он вақт ҳизби мо танҳо амалан барои ба тартиб даровардани муҳоҷират талош мекард. Ҳоло, вақте ки ҳама дар ин бора мегӯянд, умед дорам, ки чунин қарор ниҳоят қабул карда мешавад”.

Вале ҳоло маълум нест, ки ин пешниҳод Миронов расман ба Думаи давлатии Русия ирсол шудааст ё не. Дар сомонаи мутааллиқ ба ӯ маълумоте дар ин бора нест.

Миронов яке аз мансабдорони Русия аст, ки бо изҳороти зиддунақизаш дар бораи муҳоҷирон машҳур аст. Ӯ қаблан пешниҳод карда буд, ки Русия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ҷорӣ кунад.

Ин ягона мансабдор ва сиёсатшиноси рус нест, ки дар бораи манъи додани шаҳрвандии Русия ба зодагони Осиёи Марказӣ садо баланд мекунад.

Қаблан, ҳам чанде аз мансабдорони рус чунин пешниҳод карда буданд.

Аз ҷумла, тақрибан як моҳ пеш Олег Калугин, як мансабдори сиёсати дохилии вилояти Калуга аз мақомоти федералии Русия пешниҳод карда буд, ки додани шиносномаро ба зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ба муҳлати 25-30 сол манъ намоянд.Ба боварӣ ӯ, кӯчидан ва маскун гаштани теъдоди зиёди бегонагон дар сарзамини Русия ҳам барои давлат ва ҳам барои миллати рус мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамояд.“Дар баробари ҷомеаи русӣ дар кишвари мо ҷомеаи дигаре нуфуз карда истодааст, ки бо қонуну қоидаҳои худ зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирон фарҳанг, дин ва тарзи зиндагии моро қабул надоранд ва мехоҳанд расму оинҳои худро дар ин ҷо ҷорӣ намоянд. Ин боиси сар задани баҳсу мунозираҳои беохир байни муҳоҷирон ва мардуми маҳаллӣ гашта, мушкилоти зиёдеро ба миён меорад”,- гуфтааст Олег Калугин.

Ҳамасола ҳазорҳо зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро мегиранд.

Тибқи иттилои ВКД Русия танҳо дар 6 моҳи соли 2023 ҳудуди 87 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ дарёфт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 13 ҳазор нафар бештар аст. 

Он замон дар гирифтани шаҳрвандии Русия шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф, шаҳрвандони Украина дар ҷои дувум – 39 ҳазор ва Арманистон дар ҷои сеюм – қариб 18 ҳазор нафар мебошанд.

Баъдан Қазоқистон (13 ҳазору 876), Қирғизистон (10 ҳазору 500), Узбекистон (9 ҳазору 340), қарор доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...