Тоҷикон бештар аз ҳама шаҳрвандии Русияро гирифтаанд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 87 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ дарёфт кардаанд, ки нисбат ба як соли қабл 13 ҳазор нафар бештар аст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия бо пешниҳоди омори муҳоҷирон иттилоъ додааст. Тибқи омори пешниҳодкардаи ин ниҳод, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 беш аз 205 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ […]

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 87 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ дарёфт кардаанд, ки нисбат ба як соли қабл 13 ҳазор нафар бештар аст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия бо пешниҳоди омори муҳоҷирон иттилоъ додааст.

Тибқи омори пешниҳодкардаи ин ниҳод, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 беш аз 205 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 382 ҳазор нафар камтар аст.

Дар гирифтани шаҳрвандии Русия шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф, шаҳрвандони Украина дар ҷои дувум – 39 ҳазор ва Арманистон дар ҷои сеюм – қариб 18 ҳазор нафар мебошанд.

Баъдан Қазоқистон (13 ҳазору 876), Қирғизистон (10 ҳазору 500), Узбекистон (9 ҳазору 340), Озарбойҷон (7 ҳазору 457) қарор доранд.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти ВКД-и Русия, 128 ҳазору 156 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия иҷозатномаи иқомат доранд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо низ чанде баъд шаҳрвандии Русияро соҳиб мешаванд.

46 ҳазору 479 нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи иқомати муваққатӣ доранд, ки ин қадами аввал дар роҳи дарёфти шаҳрвандии Русия аст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар се соли ахир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дархости шаҳрвандии Русияро доранд, афзоиш ёфтааст.

Агар дар соли 2020 беш аз 63 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифта бошанд, пас дар соли 2021 ин рақам ба беш аз 103 ҳазор ва дар соли 2022 ба беш аз 173 ҳазор нафар расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.