Ҳукумат қарзи андози ду корхонаи зертобеи Хадамоти алоқаро мебахшад

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки бақияи қарзи андози ду ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқаи кишвар – Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) “Тоҷиктелеком” ва Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” бахшида шавад.

Қарор дар ин бора рӯзи 20-уми июл содир шуда, нусахаи он дар портали иттилоотӣ-ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.

Сухан дар бораи бақияи қарзи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо меравад, ки то 1-уми январи соли 2024 аз ҳисоби ин ду корхона ба вуҷуд омадаанд.

Ҳамин тавр, қариб 97,5 миллион сомонӣ ($9,2 миллион) бақияи қарзи андози оператори миллии “Тоҷиктелеком” бахшида мешаванд. Аз ин 56,8 миллион сомонӣ андоз ва 40,7 миллион сомонӣ фоизу ҷаримаҳо мебошад.

Ҳаҷми умумии бақия қарзи беэътиборшудаи КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”-и Хадамоти алоқа тақрибан 37,5 миллион сомонӣ ($3,5 миллион)-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 22,4 миллион сомонӣ андозҳо ва 15 миллион сомонӣ барои фоизу ҷаримаҳо мебошад.

Яъне, дар умум, ба буҷети кишвар қариб 135 млн сомонӣ (тахминан 12,7 млн доллар) кам ворид мешавад.

Қобили зикр аст дар Тоҷикистон давра ба давра бо роҳҳои гуногун бақияи қарзи андози корхонаҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба ҳукумат тааллуқ доранд, бахшида мешаванд ё мӯҳлаташон мавқуф гузошта мешавад.

Масалан, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзҳои андозии ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ки ягона саҳмдори он ҳукумат аст, дар ҳаҷми $18,5 миллион бахшида шуданд. Ҳамчунин, бақияи қарзи андози ҶСК “Суғдиён”, ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат тааллуқ дорад, беэътибор дониста шуданд.

Ҳамчунин, қарзҳои ҶСК “Барқи тоҷик”, ки тамоми саҳмияҳои он ба ҳукумат тааллуқ доранд, бахшида мешаванд.

Ҳолатҳое ҳам буданд, ки ҳукумат мӯҳлати пардохти қарзҳои корхонаҳои ба муассисаҳои ҳукуматӣ тааллуқдоштаро мавқуф гузоштааст. Ба чунин корхонаҳо, масалан, ҶСШК “Тоҷиктелеком” дохил мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии оморӣ, даромадҳои ҶСК “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар шӯъбаҳои Хадамоти алоқа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 35,5% афзуда, 124 миллион сомонӣ ($11,6 миллион)-ро ташкил доданд.

Масъалаи бақияи қарзи андоз яке аз мушкилоти соҳа ба ҳисоб меравад.

Қарзи андоз – маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда), баҳра  ё худ фоизҳои ҳисобшуда ва ҷаримаҳои таъйиншуда, ки аз ҷониби андозсупоранда эътироф шуда, вале дар муҳлати муқарраргардида ба будҷа пардохт нашудаанд

Яъне соҳибкорон ва ё корхонаву ташкилотҳое, ки саривақт маблағи андоз ва ё ҷаримаҳоеро, ки аз ҷониби мақомоти андоз татбиқ мегардад, ба будҷа пардохт накунанд, қарзи андоз ба вуҷуд меояд ва ба он гузашти вақт фоизу пеня зам гардида, он афзоиш меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...