Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон имкониятҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Тотористон дар чаҳорчӯби кори форуми доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар, ки 4 сентябр дар Душанбе баргузор шуд, Созишномаи ҳамкории дуҷониба имзо расониданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Палати савдо ва саноати Тотористон хабар медиҳад, ҳайати сершумори ин кишварро муовини нахуствазири Олег Коробченко роҳбарӣ мекунад.

“Боиси хушнудист, ки ширкатҳои Тотористон ҳамкориҳоро бо шарикон аз Тоҷикистон густариш бахшида, сафари ҳайати мо тасдиқи ин гуфтаҳост, – иброз дошт зимни суханрониаш Коробченко. – Ман огаҳам, ки дар Тоҷикистон рӯйи таъсиси паркҳои технологӣ фаъолона кор мекунанд. Тотористон омода аст, ки ҳама таҷрибаи андӯхтаашро дар ин самт пешниҳод намояд”.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тотористон Шамил Агеев дар маросими ифтитоҳи форум муҳим будани кори дуҷонибаи палатаҳоро таъкид кард.

“Маҳз дар ҳамин гуна чорабиниҳо имконияти вохӯриҳои нав ва шиносоиро истифода бурдан лозим аст. Дар ҷаҳони муосир ҳодисаҳои ғайричашмдошт зиёданд ва мо омодаем, ки дар шароити номуайянӣ кор кунем. Вазифаи мо ин аст, ки ба шумо робитаҳоеро пешниҳод кунем, ки муфид хоҳанд буд, мо ба ин манфиатдорем ва омодаем, ки кор кунем”, – иброз доштааст ӯ.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар навбати худ зикр кардааст, ки ҳадафи аслии форум густариши ҳамкориҳо дар соҳаи саноати Тоҷикистону Тотористон, афзоиши сармоягузорӣ ва омодасозии кадрҳои нав мебошад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар доираи кори форум ҳамчунин гуфтушунидҳои В2В баргузор шуданд, ки дар онҳо намояндагони зиёда аз 60 корхонаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Сафари ҳайати соҳибкорону тоҷирони Тотористон ба Тоҷикистон то 6 сентябр идома меёбад. Дар чаҳорчӯби сафар шиносоӣ бо имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ва боздид аз корхонаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...