Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи истиқлол. Кай ва дар куҷо чӣ мегузарад?

Бахшида ба таҷлили 33-солагии касби истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хабар медиҳад.   Дар Душанбе чӣ чорабинӣ, кай ва дар куҷо баргузор мешавад? Манбаъ менависад, ки чорабинӣ имрӯз, 6-уми сентябр оғоз шуда, то 9-уми сентябр идома меёбад. Аз ҷумла, […]

Asia-Plus

Бахшида ба таҷлили 33-солагии касби истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хабар медиҳад.

 

Дар Душанбе чӣ чорабинӣ, кай ва дар куҷо баргузор мешавад?

Манбаъ менависад, ки чорабинӣ имрӯз, 6-уми сентябр оғоз шуда, то 9-уми сентябр идома меёбад.

Аз ҷумла, чорабинии фарҳангии ноҳияи Сино имрӯз, 6-уми сентябр соати 18:00 дар Боғи Умари Хайём мегузарад.

Чорабинии фарҳангии ноҳияи Фирдавсӣ ҳам имрӯз соати 17:00 дар Боғи Фирдавсӣ баргузор мешавад.

Рӯзи 7-уми сентябр соати 18:00 чорабинии фарҳангии ноҳияи Шоҳмансур дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мегузарад.

Дар майдони Шаршара, пушти майдони Нишони давлатӣ рӯзи 8-уми сентябр соати 18:30 чорабинии фарҳангии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегузарад.

Тавре ки аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, чорабинии асосии ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатӣ дар Душанбе шоми 9-уми сентябр дар майдони “Истиқлол” баргузор мешавад. Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт намоишномаи театришуда бо иштироки сарояндагони маъруф ва ҳунармандон пешкаш мегардад.

Воридшавӣ ва тамошои чорабиниҳои фарҳангӣ дар боғҳои пойтахт мисли солҳои пешин ройгон аст.

Зимнан, дар ин рӯзҳои ҷашн дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи сайругашти оммавӣ, консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Чорабинии асосии ҷашни Истиқлол дар куҷо баргузор мешавад?

Аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки чорабинии ҷумҳуриявӣ оид ба таҷлили истиқлоли давлатӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Хатлон баргузор мешавад.

Аз ин ниҳод замону макони мушаххаси баргузории чорабиниро нагуфтанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дастрас Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, 5-уми сентябр, бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дошт, рӯзи 7-уми сентябр бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад ва ин сафар то  10-уми сентбяр идома меёбад.

 

Сокинон чанд рӯз истироҳат мекунанд

Сокинони Тоҷикистон имсол дар Рӯзи истиқлоли давлатӣ 3 рӯз – 7, 8 ва 9-уми сентябр пайиҳам истироҳат мекунанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Имсол аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикитсон 33 сол пур мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.