Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ҳарчанд дар 5 соли охир шумори даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, вале омор нишон медиҳад, ки дар ин давра мардон нисбат ба занон бештар даст ба худкушӣ задаанд. Дар ҳоле ки то 5 сол пеш қариб 90% худкушӣ аз сӯи занон содир мешуд.

Дирӯз, 10-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ буд. Ин амал дар Тоҷикистон ҳам нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Бинобар ин соли 2019 дар кишвар барномаи махсуси чорсола барои пешгирӣ аз худкушиҳо ва сӯиқасд ба ҷони худ қабул шуда буд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар ҳадафи қабули барномаро дар як ҷаласаи Маҷлиси миллӣ “андешидани тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ” шарҳ дода буд.

 

Аз қабули барнома 5 сол гузашт. Натиҷа чӣ шуд?

Аз таҳлили оморе, ки расонаӣ шудааст, чунин натиҷа ба даст омад, ки дар 5 соли охир (2019-2023) сатҳи худкушӣ дар кишвар 35% коҳиш ёфтааст.

Соли 2019 Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар гуфта буд, дар кишвар 632 ҳолати даст ба худкушӣ задан ё сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар нишасти хабарии соли 2022 миқдори худкуширо барои соли 2020-ум 565 адад ва барои соли 2021-ум 518 адад гуфта буд.

Бино ба иттилои Кумитаи занон соли 2022-юм 415 ва соли 2023-юм 413 ҳолати сӯиқасд ба ҷони худ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Таносуби коҳишёбии шумори худкуширо дар инфографикаи зерин бинед:

Чанд сол пеш Пойгоҳи таҳлилиии CABAR.asia дар як мақолаи худ бо такя ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии равоншиносӣ навишта буд, ки 90%-и худкушӣ аз ҷониби занон содир мешавад ва аз соли 2015 шумораи онҳо рӯ ба афзоиш аст.

Бино бар оморе, ки ниҳодҳои расмӣ нашр кардаанд, дар панҷ соли охир шумори мардоне, ки даст ба худкушӣ мезананд, аз занон дида бештар аст. Ҳамин тавр, соли 2020 шумораи мардон нисбат ба занон 21 ҳолат, соли 2021-ум 26 ҳолат, соли 2022-юм 9 ҳолат ва соли 2023-юм 17 ҳолат зиёд шудааст. Дар шаш моҳи соли 2024 бошад 110 зан ва 112 мард кӯшиши худкушӣ кардаанд.

 

 

Вазъ дар минтақаҳо чӣ гуна аст?

Вилояти Суғд аз ҷиҳати миқдори мавҷуд будани ҳолати худкушӣ дар кишвар пешсаф аст. Соли 2023 дар вилоят 172 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин шумора дар вилояти Хатлон 117 адад, ноҳияҳои тобеи марказ 67 адад, ВМКБ 28 адад ва шаҳри Душанбе 22 ададро ташкил медиҳад.

 

Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?

Тавре аз оморҳо бармеояд, мардон нисбат ба занон бештар даст ба худкушӣ мезананд. Пас кадом омилҳо боиси афзоиши худкушии мардон дар солҳои охир гардидааст?

Мавлуда Ҳусейнова, вакили маркази буҳронии “Боварӣ ба фардо” чанд сабаби даст ба худкушӣ задани шаҳрвандони кишварро гуфт.

“Омили асосӣ солим набудани ҳолати равонии шахс аст. Зеро инсони солим дар ҳама ҳолат роҳи ҳалли мушкилотро дарёфт карда метавонад. Муноқишаҳои дар оила бавуҷудоянда бошанд ба ҳолати равонии шахс зам гардида, метавонанд инсонро ба содир кардани ин гуна амалҳо оварда расонанд”, – гуфт ӯ.

Сабаби дигари даст ба худкушӣ задани мардонро ҳуқуқшинос мушкилоти иқтисодӣ, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона ва муҳоҷирати меҳнатӣ гуфт.

“Шахсоне ҳастанд, ки бо ҳамин роҳ эътирози худро ба дигарон нишон додан мехоҳанд”, – илова кард ӯ.

Маълум нест, ки барномаи махсуси чорсола, ки барои ҷорӣ кардани тадбирҳои пешгирӣ аз худкушӣ қабул шуда буд, дурнамои худро иҷро кард ё на. Зеро дар оғоз ҳадафҳои барнома мушаххас расонаӣ нагардида буд. Қаблан, соли 2004 низ ҳукумати кишвар «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» қарор бароварда буд. Он низ то куҷо мусбат амалӣ шуд, маълум нест.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, то ҳол вазъи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон нигаронкунанда буда, дар умум дар панҷ солу шаш моҳи охир 2765 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...