Фоҷеаи паси рақамҳо: Соли гузашта дар Тоҷикистон чанд нафар даст ба худкушӣ заданд?

Соли 2023 дар Тоҷикистон 413 ҳолати суиқасд ба худкушӣ (соли 2022 – 415 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Соли гузашта дар ҷумҳуӣ 339 ҳолати худкушӣ ва 74 далели суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Соли 2023 дар Тоҷикистон 413 ҳолати суиқасд ба худкушӣ (соли 2022 – 415 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Соли гузашта дар ҷумҳуӣ 339 ҳолати худкушӣ ва 74 далели суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти аз ҷониби Кумита ба ВКД пешниҳодшуда, миёни шахсоне, ки даст ба худкушӣ задаанд, мардон зиёдтаранд – 215 ҳолат (соли 2022 – 212 ҳолат), байни занон – 198 ҳолат (соли 2022 – 203 ҳолат).

Шумори ҳодисаҳои худкушӣ байни ноболиғон 5 ҳолат зиёд шуда, ба 47 адад расидааст.

Дар куҷо бештар чунин ҳодисаҳо рух додаанд?

Мисли солҳои пешин аз лиҳози шумори ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он вилояти Суғд пешсаф аст.

Дар ин минтақа 172 далели ба худкушӣ даст задани одамон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022 (178 ҳолат) 6 ҳолат камтар аст.

Дар идома вилояти Хатлон қарор дорад, ки дар ин ҷо 117 ҳодисаи худкушӣ сабт гардида, ин миқдор нисбат ба соли 2022 – 17 ҳолат камтар мебошад.

Соли 2023 дар Ноҳияҳои тобеи марказ 67 далели даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки 13 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли пешин (соли 2022) аст.

Соли 2023 дар ВМКБ 28 нафар даст ба хулдкушӣ задаанд, ки нисбат ба соли пешин 4 ҳолат зиёдтар мебошад.

Дар пойтахт чунин ҳодисаҳо 22 далелро ташкил додаанд, ки 4 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Сабабҳои асосии худкушӣ ва суиқасд ба он

Сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани одамон дар Тоҷикистон бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ боқӣ мемонанд.

Дар муқоиса бо соли пешин (87 ҳолат ва 102 ҳолат) шумори ҳодисаҳои худкушии марбут ба бемориҳои рӯҳӣ кам шуда, аммо шумори ҳолатҳои худкушии вобаста ба шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ 6 ҳолат афзудааст (соли 2022 – 106 далел ва соли 2023 – 14 далел).

Ҳамчунин дар 66 ҳолат (соли 2022 – 106 ҳолат) сабабҳои дигар номбар шудаанд, ки дар бораи онҳо хабар дода намешавад.

Бисёре аз ҳодисаҳои худкушӣ – 211 ҳолат бо сабабҳои номаълум сурат гирифтаанд, ки 34 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Тарзҳои маъмули даст ба худкушӣ задан

Тарзҳои бештар маъмулӣ худкушӣ дар Тоҷикистон худро овехтан (326 ҳолат), ғарқ кардан (27 ҳолат), заҳролуд кардан (21 ҳолат), бо корду силоҳ худро куштан (14 далел), худро оташ задан (10 ҳолат) ва тарзҳои дигари гуногун (15 ҳолат) мебошанд.

Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки ба тадбирҳои пешгирии ҳолатҳои худкушӣ, аз ҷумла сабабҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин расонидани кумаки равонӣ ва дастгирии эҳтиёҷмандон мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.