Гӯшту равған қимату орду тухм арзон. Соли равон нархи кадом маҳсулоти ғизоӣ боло рафт?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Давоми соли равон дар Тоҷикистон аксари маводи хӯрока нисбат ба соли гузашта гарон шудааст. Аз ҳама бештар нархи гӯшт ва меваю сабзавот афзоиш ёфтааст. Болоравии нархи гӯшт аз моҳи июл шуруъ шуд ва айни ҳол арзиши як кило гӯшти гов дар шаҳри Душанбе 90 сомонӣ ва ва гӯсфанд 88 сомониро ташкил медиҳад. Ду моҳ қабл арзиши  як кило гӯшти гов аз 76-78 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 75-76 сомонӣ буд.

Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон нархи гӯшт дар як моҳ (июл нисбат ба июн) 13% ва нисбат ба соли 2023 қариб 30% афзоиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали соли 2024 нархи гӯшти гов 13,3%, гӯшти гӯсфанд 10,8, моҳӣ 2,8%, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4%, равғани офтобпараст 4,5%, равғани пахта 0,5% қиммат шудааст. Дар нимсол нархи тухм 17%, орд 4,4% ва шир 3,6% арзон шудааст.

Ҳамчунин, танҳо дар як моҳи сол равон- июл нархи сабзавот аз қабили сабзӣ 10,4%, пиёз 8,9  карам 12,6%, чакка 11,1%, шакар 1,2 % боло рафтааст.

Тоҷирон сабаби боло рафтани нархҳоро дар бозор гарон шудани арзиши маҳсулот дар бозорҳои умдафурӯшӣ медонанд. Вале сокинон нигаронӣ мекунанд, ки соҳибкорон барои фоидаи бештар қасдан нархҳоро қимат мекунанд.

Хабарнигори “Азия‑Плюс” рӯзи 10-уми сентябр аз нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе дидан кард. Дар аксҳои зерин метавонед бо нархи маҳсулоти хӯрока дар пойтахт шинос шавед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...