Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар 8 моҳи охир мақомоти вилояти Суғд 578 нафарро барои ифлос кардани ҳаво дар маҷмуъ, 118 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Улуғбек Ҳасанов, масъули  Сарраёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, аксари онҳо соҳибони ошхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, ки бевосита ба партофтани партов ба ҳаво кор мекунанд, инчунин ронандаҳо мебошанд.

Ӯ афзуд, дар байни онҳо мансабдорон низ ҳастанд, вале аз овардани ному насаб ва вазифаи онҳо худдорӣ кард.

Номбурда гуфт, аз ҷумла 90 ронанда дар доираи амалиёт “Ҳавои тоза”, ки дар 8 моҳ 32 маротиба гузаронида шуда, 1751 нақлиёт санҷида шуд, ҷазо гирифтанд.

“Дар рафти амалиёт нисбати 90 ронандаи воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд”, – гуфт Ҳасанов.

Амалиёти “Ҳаво тоза” дар асоси нақша чорабиниҳо дар якҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои Суғд гузаронида шудааст.

Ҷаримаи садҳо нафар, аз ҷумла ронандагон дар ҳолест, ки мақомот ҳамеша мегӯянд, то 80 фоизи партовҳо ба атмосфера ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ рост меояд.

Мақомот барои пешгирии ифлосшавии ҳаво чораҳо низ меанҷоманд. Яке аз онҳо баровардани корхонаи сементбарорӣ аз Душанбе буд ва сабаби берун кардан пешгирӣ аз ифлосшапвии ҳаво гуфта мешавад.

Ҳамчунин, гузаштан ба нақлиёти сабз ё элетромобил низ аз дигар тадбирҳои мақомот барои пешириӣ аз ифлосшавии ҳаво дар кишвар шарҳ дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...