Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе

Date:

Шоми дирӯз, 11 сентябр баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба раиси уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст.

Ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ ба бадани муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд.

“Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гуселонида шуд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор саривақт дастгир карда шуд, вале ҳувияти ӯ ошкор карда намешавад.

ВКД менависад, ки бар зидди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Зимни суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ худи Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳор доштааст, ки "ҷойи нигаронӣ нест, саломатиям хуб аст".

Саидмукаррам Абдулқодирзода 61-сола буда, аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...