Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имрӯз, 12-уми сентябр дар Душанбе таҳти унвони “Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” конфронси байналмилалӣ оғоз гардид.

Дар он профессорон, ходимони илмӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Бангладеш, Бруней Доруссалом, Ҷибути, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Қувайт, Алҷазоир ва олимону донишмандони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронсро Шарифзода Фаррух, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз карда, дар бораи нақш ва эҷодиёти мутафаккирони барҷастаи тоҷик дар ҷаҳони ислом сухан гуфт.

Дар ҷаласаҳои панелӣ олимону донишмандони дохиливу хориҷӣ  дар бораи саҳми таърихии донишмандони тоҷик, чун Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ дар рушди равияҳои фарҳанги исломӣ гуфтанд.

Аз ҷумла, Кароматулло Олимов, академики тоҷик хидмати бузургони гузаштаи тоҷикро барои инсоният бузург арзёбӣ карда, гуфт, “андешаҳои донишмандони гузаштаи тоҷик на танҳо барои ҷаҳони ислом, инчунин ба тамоми ҷаҳон барои таблиғи ақидаҳои инсонпарварона, таҳаммулпазирӣ, даъват ба дӯстӣ, зиддият бо ҷангу ҷаҳолат ва таблиғи маорифу маърифату дониш то имрӯз хизмат мекунанд”.

Доктор Азеддин Бензежиба, намояндаи маркази фарҳанг ва мероси “Ҷумъа Ал-Маҷид”-и Аморати Муттаҳидаи Араб пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон “Маркази эҳёи маърифатии Мовароуннаҳр” таъсис дода шавад. Ин пешниҳод ба таври хаттӣ ирсол шуд ва мавриди муҳокима қарор дорад.

Бояд гуфт,  конфронс ду рӯз, 12-13 сентябр давом хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар доираи он дар Маркази мероси хаттӣ намоишгоҳ баргузор гардад ва меҳмонон ҳамчунин аз Осорхонаи миллӣ боздид кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...