Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024

Шоҳмотбозони Тоҷикистон дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Будапешт иштирок доранд ва бозиҳои худро бо ғалабаҳои боварибахш оғоз намуданд. Тавре ки котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, имсол Олимпиада дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) – шаҳри Будапешт мегузарад ва то 23 сентябр идома меёбад. Намояндагони Тоҷикистон ҳам байни мардон ва ҳам миёни занон […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Шоҳмотбозони Тоҷикистон дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Будапешт иштирок доранд ва бозиҳои худро бо ғалабаҳои боварибахш оғоз намуданд.

Тавре ки котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, имсол Олимпиада дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) – шаҳри Будапешт мегузарад ва то 23 сентябр идома меёбад.

Намояндагони Тоҷикистон ҳам байни мардон ва ҳам миёни занон бозӣ мекунанд. Ба дастаи мардонаи ҷумҳурӣ Алишер Каримов, Илҳоми Ҷалолиддин, Аминҷон Қобилов, Сулаймон Оймаҳмадов шомил буда, Ҷамшед Исоев капитани даста мебошад.

Дар даври аввал дастаи мардонаи Тоҷикистон тими Камбоҷаро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон аз Надежда Антонова, Рухшона Саидова, Дилола Толибова, Шукрона Масхабова иборат буда, Хуршед Ватанов капитани даста аст.

Дар даври аввали Олимпиада дастаи занонаи Тоҷикистон низ ҳарифони худро аз тими Серр-Леоне бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Имсол ба Олимпиадаи шоҳмот 380 дастаи занона ва мардона қариб аз 200 кишвар ба Маҷористон омаданд. Ҳайати дастаҳо аз 4 бозингар ва иловаи бозингари эҳтиётӣ иборатанд.

Бозиҳо дар 11 давр тибқи системаи швейтсарӣ бо назорати вақти 90 дақиқа барои 40 гашт, ҷамъи 30 дақиқа то охири бозӣ бо иловаи 30 сония ба ҳар як гашт шурӯъ аз якум гузаронида мешаванд.

«Олимпиадаи шоҳмот мусобиқаи даставӣ барои дастаҳои кишварҳо узви ФИДЕ мебошад. Барои омодагӣ ба ин мусобиқаи муҳим мо омодагии ҷиддӣ мегирем. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи шоҳмот барандагони медалҳои чемпионати ҷумҳурӣ шомил шудаанд», – гуфт Илҳом Юнусов.

Дар мавриди натиҷаи шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиада, котиби генералии Федератсия ба рушди маҳоратҳои бозигарони даста ишора карда, зикр намуд, ки бо заҳмати зиёд ва муносибати дуруст даста дар Олимпиадаи шоҳмот натиҷаҳои хуб ба даст хоҳад овард.

«Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мо мусобиқаҳои дохилӣ мегузаронем. Шоҳмотбозони тоҷик барои иштирок дар чунин сатҳи баланд, аз ҷумла аз ҷиҳати рӯҳӣ, омодагӣ мебинанд. Сатҳи дастаи мо боло рафта, ба натиҷаҳои хуб умед дорем», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки Олимпиадаи 45-уми шоҳмот, ки аз ҷониби ФИДЕ ташкил шудааст, ҳам мусобиқаҳои кушод ва ҳам мусобиқаҳои занонаро дар бар мегирад. Инчунин, чандин чорабинӣ барои рушди шоҳмот низ доир мегардад. Олимпиадаи имсола аввалин Олимпиада дар Маҷористон пас аз баргузории Олимпиадаи дуюми ғайрирасмӣ дар соли 1926 дар Будапешт мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.