Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон

Имрӯз, 12-уми сентябр дар Душанбе таҳти унвони “Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” конфронси байналмилалӣ оғоз гардид. Дар он профессорон, ходимони илмӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Бангладеш, Бруней Доруссалом, Ҷибути, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Қувайт, Алҷазоир ва олимону донишмандони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Конфронсро […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имрӯз, 12-уми сентябр дар Душанбе таҳти унвони “Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” конфронси байналмилалӣ оғоз гардид.

Дар он профессорон, ходимони илмӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Бангладеш, Бруней Доруссалом, Ҷибути, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Қувайт, Алҷазоир ва олимону донишмандони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронсро Шарифзода Фаррух, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз карда, дар бораи нақш ва эҷодиёти мутафаккирони барҷастаи тоҷик дар ҷаҳони ислом сухан гуфт.

Дар ҷаласаҳои панелӣ олимону донишмандони дохиливу хориҷӣ  дар бораи саҳми таърихии донишмандони тоҷик, чун Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ дар рушди равияҳои фарҳанги исломӣ гуфтанд.

Аз ҷумла, Кароматулло Олимов, академики тоҷик хидмати бузургони гузаштаи тоҷикро барои инсоният бузург арзёбӣ карда, гуфт, “андешаҳои донишмандони гузаштаи тоҷик на танҳо барои ҷаҳони ислом, инчунин ба тамоми ҷаҳон барои таблиғи ақидаҳои инсонпарварона, таҳаммулпазирӣ, даъват ба дӯстӣ, зиддият бо ҷангу ҷаҳолат ва таблиғи маорифу маърифату дониш то имрӯз хизмат мекунанд”.

Доктор Азеддин Бензежиба, намояндаи маркази фарҳанг ва мероси “Ҷумъа Ал-Маҷид”-и Аморати Муттаҳидаи Араб пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон “Маркази эҳёи маърифатии Мовароуннаҳр” таъсис дода шавад. Ин пешниҳод ба таври хаттӣ ирсол шуд ва мавриди муҳокима қарор дорад.

Бояд гуфт,  конфронс ду рӯз, 12-13 сентябр давом хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар доираи он дар Маркази мероси хаттӣ намоишгоҳ баргузор гардад ва меҳмонон ҳамчунин аз Осорхонаи миллӣ боздид кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио