Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?

Маҳмадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Аз соли оянда ҷоизапулӣ барои ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” як баробар зиёд мешавад. Ҳамакнун ғолибони ин се озмун баъди зиёд шудани мукофотпулиҳо чӣ қадар маблағ ба даст меоранд, дар идомаи матлаби мо хонед.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар “Рӯзи дониш” ба масъулин дастур дод, ки мукофотпулии ғолибони ин озмунҳоро сар аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100% зиёд кунанд.

Барои баргузории 3 озмуни ҷумҳуриявӣ дар соли 2024 аз фонди раисҷумҳур қариб 12,5 млн сомонӣ ҷудо шуда буд.

 

Ҷоизапулии “Фурӯғ…” чӣ қадар буд ва чӣ қадар мешавад?

Аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, дастури раисҷумҳур дар мавриди зиёд шудани маблағи ҷоизавии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз соли оянда татбиқ мешавад.

Барои баргузории он дар соли равон 4 млн 570 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 695 000 сомонӣ зиёд аст.

Дар айни ҳол барои ғолибони даври ҷумҳуриявии ин озмун дар ҳар як номина барои ҷойи якум 35 ҳазор, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Озмун аз рӯйи шаш номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мешавад.

Дар чор номинаи он ҳамчунин, барои ба даст овардани Шоҳҷоиза рақобат сурат мегирад. Ҳар кадом аз барандагони шоҳҷоиза соҳиби 70 ҳазор сомонӣ хоҳанд шуд.

 

“Тоҷикистон – Ватани азизи ман”. Ғолибон соли оянда чӣ қадар маблағ мегиранд?

Феълан, онҳое, ки дар даври ҷумҳуриявӣ дар ҳар панҷ номинаи ин озмун пирӯз шуда, ҷойи аввалро мегиранд, соҳиби 35 ҳазор сомонӣ мешаванд. Иштирокчиёне, ки дар мавқеи дуюм қарор мегиранд, 25 ҳазор сомонӣ ва ғолибони ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Ҳамчунин, барои ҳар номинаи ин озмун шоҳҷоиза муайянишудааст ва баррандаҳои он 50 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд.

Имсол барои гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 3 млн 785 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Он аз рӯи 5 номина – оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад.

 

Аз “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли оянда чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтан мумкин аст?

Соли ҷорӣ барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 4 млн 85 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Он аз рӯи ҳафт номина – математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

Ҳоло барандагони ҷойи якуми он дар ҳар як номина соҳиби 35 ҳазор, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ мегиранд. Гирандаи шоҳҷоиза барои ихтироъкорӣ ва навоварӣ 70 000 сомонӣ ба даст меорад.

Ин се озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни аҳолӣ ҳаводори зиёд доранд ва ҳамасола садҳо нафар дар онҳо ширкат ва қувваозмоӣ мекунанд.

Миёни ин озмунҳо “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз сербаҳстаринҳо дониста мешавад, ки қариб ҳар сол баъди анҷоми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима мешавад. Дар ин матлаби мо “Аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст””-ро хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...