Гиромидошти рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон бо ширкати андаки ҳаводорони шеър

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22-юми сентябр таҷлил мешавад, бо ширкати шумораи ками шоирону фарҳангиён ва ҳаводорони шеър маҳфил баргузор шуд. Далер Назаров ягона овозхоне буд, ки дар ин маҳфил ҳанарнамоӣ кард.

Донишмандону адибон ва муҳаққиқон аз мақому мартабаи шоир ва мазмуну муҳтаво ва сабку услуби шеърҳои ӯ сухан гуфта, бозёфтҳои хешро дар таҳқиқи шеъри одамушуаро Рӯдакӣ мубодила карданд.

Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон аз осори гаронбаҳои ӯ боқӣ мондани танҳо ду ҳазор байтро боиси таассуф хонд. Ӯ бовар дорад, ки рӯзе аз ягон тоқи кӯҳнаи Самарқанд девони Рӯдакӣ пайдо хоҳад шуд.

“Мо чӣ қадар мардуми бадбахтем, ки аз сездаҳ раҳ сад ҳазор танҳо ду ҳазор байт аз рӯдакӣ дорем”, – гуфт ӯ.

Абдуллоҳ Роҳнамо, адиб ва сиёсатмадори тоҷик ҷойгоҳи Рӯдакиро дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик беназир хонд. Ӯ нақши устод Рӯдакиро дар бунёди давлати навини тоҷикон баланд зикр карда, дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд будани оромгоҳи ӯро яке аз далелҳои асосии асолат ва дар ин минтақа реша доштани халқи тоҷик гуфт.

Дар ҷараёни маҳфил Ортиқ Қодир, ҳунарманди маъруфи тоҷик порчаеро аз намоишномаи Рӯдакӣ қироат кард.

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон баргузории маҳфилро бо ширкати Далер Назар рамзӣ арзёбӣ кард. Ӯ мегӯяд, ин нишона аз пайванди имрӯз ва гузаштаи пурғановат аст.

“Пайванди ин ду чиз – адабиёти ҳазорсолаи мо ва як навъи ҳунари замонӣ – эстрада, ки Далер Назар аз дурахшонтарин чеҳраҳои ин ҳунар мебошад ва ба ҳам омадани ин ду санъат дар ин маҳфил рамзӣ аст. Ин нишонаи пайванди имрӯзи мо бо гузаштаи пурғановатамон аст”, – гуфт ӯ.

Дар идома, Далер Назаров, ки аввали моҳи сентябр бо ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ қадр шуд, гуфт, “бо ин ҷоиза бисёр роҳҳо кушода мешаванд, бисёр корҳо ҳал мешаванд”, – гуфт ӯ.

Маҳфил бо сурудани чанд тарона аз Далер Назаров хотима ёфт.

Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯдакӣ ноҳия ва хиёбону маҳаллаҳои зиёд номгузорӣ шудаанд.

Ҳайкалҳои зиёди бунёдгузори шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар гӯшаҳои мухталифи кишвар ва ҷаҳон поягузорӣ шудааст.

Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ боз карда, соли 941 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт.Турбати ӯ ҳоло дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент қарор дорад ва зиёратгоҳи ҳазорон фарҳангиёну сайёҳони олам гаштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...