Ҳалокати беш аз 50 нафар дар таркиши кони ангишт дар Эрон

Дар натиҷаи таркиш дар як кони ангишт дар вилояти Хуросони Ҷанубӣ дар шарқи Эрон камаш 51 кас кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Муҳаммад Ҷавод Қаноат, раиси вилоят рӯзи 22-уми сентябр хабар дод. Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки ихроҷи гази метан дар шоми 21-уми сентябр сабаби таркиш дар кони ангишт […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар натиҷаи таркиш дар як кони ангишт дар вилояти Хуросони Ҷанубӣ дар шарқи Эрон камаш 51 кас кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Муҳаммад Ҷавод Қаноат, раиси вилоят рӯзи 22-уми сентябр хабар дод.

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки ихроҷи гази метан дар шоми 21-уми сентябр сабаби таркиш дар кони ангишт шудааст. Ҳангоми вуқӯи таркиш 70 нафар дар нақбҳои ангиштканӣ кор мекардаанд.

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури ислоҳталаб ва тозаинтихоби Эрон, ки барои сафар ба шаҳри Ню Йорк, ҷиҳати ширкат дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал омодагӣ мегирад, гуфт, дастур додааст, барои наҷоти ангиштканони бандмонда ва кӯмак ба хонаводаҳои онҳо тамоми талошҳои лозимиро ба харҷ бидиҳанд.

Ба қавли раисиҷумҳур, тафтиши ҳодиса аз ҳоло оғоз шудааст. Телевизиони давлатии Эрон, маҳалли ҳодисаро нишон дод, ки ба онҷо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва чархболҳо омадаанд, то захмиёнро ба шифохонаҳо баранд.

Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, ки амалиёти ҷустӯҷу ва наҷот дар кони ангишт идома дорад. Алӣ Нисоӣ, додситони минтақа ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, ки ҷамъ шудани газ дар дохили кон, ҷустӯҷуи ангиштканонро мушкил кардааст.

Ба қавли ӯ, айни замон, "тамаркуз ба кӯмак ба захмиён ва берун овардани бозмондагон аз зери вайронаҳо равона шудааст.”

Фалокат дар конҳои маъдан дар Эрон дар гузашта ҳам сурат гирифтааст. Соли гузашта таркиш дар як кони ангишт дар шаҳри шимолии Домғон 6 нафарро кушт ва сабаби он ҳам ихроҷи гази гуфта шуд. Моҳи майи соли 2021 натиҷаи фӯру рехтани як нақб 2 конкан ҷон доданд. Соли 2017 таркиш дар Озодшаҳр дар шимоли Эрон сабаби марги 43 нафар шуд ва хашми мардумро барангехт.

Беэътиноӣ ба қоидаҳои бехатарӣ ва хадамоти номуносиб аз сабабҳои такрори фалокатҳо дониста мешаванд. Эрон бар иловаи захираҳои азими нафту газ, маъданҳои табии зиёди дигар ҳам дорад. Ин кишвар солона тақрибан 3,5 миллион тонна ангишт истифода мекунад, вале истихроҷи солонааш 1.8 миллион тонна аст. Бақияро аз хориҷ мехарад ва бештар дар саноати металгудозӣ ба кор мебарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.