Дар Эрон имкони таҳвили нафти хом аз ин кишвар ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Asia-Plus

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад, бо масъулини баландпояи бахши энергетикии Эрон имкони таҳвили нафти хомро бо пешниҳоди тахфифҳо ба Тоҷикистон баррасӣ кардааст.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар медиҳад, ки ӯ дар суҳбат бо Муҳсин Покнажод, вазири нафти ин кишвар ин масъала ва масоили ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, инчунин, табодули таҷрибаи мутахассисони кишварҳоро муҳокима кардааст.

Ду ҷониб, вобаста ба омӯзиши чоҳҳои нафту газдори Тоҷикистон табодули афкор кардаанд.

Ҳамчунин, Далер Ҷумъа дар дидори бо Аббос Алиободӣ, вазири неруи Эрон аҳамияти нерӯгоҳи “Роғун” барои минтақа, раванди пайвастани Тоҷикистон бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи CASA-1000, инчунин кашондани нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Вазири энергетикаи Тоҷикистон ҳамчунин, бо Муҳаммад Ҳайдарӣ, директори генералии ширкати “Фароб” масъалаҳои марбут ба фаъолити НБО “Сангтӯда-2″ муҳокима кардааст

“Зикр гашт, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба кори боэътимоди неругоҳ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ба мақсад мувофиқ мебошад”, – гуфта мешавад дар хабар.

“Сангтӯда-2″ бо сармояи асосии Эрон сохта шуда, агрегати якуми он соли 2011 ва дуввумаш соли 2014 ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат буда, дар маҷмӯъ 220 МВт нерӯи барқ тавлид мекунад. Тавоноии солонаи нерӯгоҳ истеҳсоли 1 миллиард кВт соат муайян шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...