Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад

Рӯзҳои 22-24-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад. Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри кишварҳои Иттиҳоди Двлатҳои Мустақил (ИДМ), Туркия, Эрон ва Чин иштирок мекунанд ва китобҳои худро ба намоиш мегузоранд. Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки намоишгоҳи байналмилали “Китоби Душанбе” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегузарад. Ба […]

Рӯзҳои 22-24-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад. Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри кишварҳои Иттиҳоди Двлатҳои Мустақил (ИДМ), Туркия, Эрон ва Чин иштирок мекунанд ва китобҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки намоишгоҳи байналмилали “Китоби Душанбе” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегузарад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муарифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

“Ҳоло омодагиҳо рафта истодааст ва мо ба кишварҳое, ки мо ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, Туркия, Эрон ва Чин мактуб фиристодаем. Қарор аст то охири ин моҳ онҳо посух диҳанд. Дар намоишгоҳ китобҳои бадеӣ, таърихӣ ва бачагона , китобҳои энсиклопедӣ ва атласҳо ба намоиш гузошта мешаванд.”,- гуфтанд дар вазорат.

Ҳамчунин, аз ин ниҳод зикр карданд, ки намоишгоҳи мазкур робитаи байни ноширонро қавитар мекунад ва ҳамчунин тарҷумонҳо имкон пайдо мекунанд то китоби хуберо барои ба забони дигар баргардон ё тарҷума кардан интихоб намоянд.

“Бо гуруҳи ноширон ҳамчунин ҳаяти адибон низ меоянд. Масалан, соли қабл ҳаяти адибони Русия дар намоишгоҳ иштирок карда буданд, ки бо адибони мо мулоқоти анҷом шуд”,- гуфтанд дар вазорати фарҳанг.

Намояндагони Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар ғурфа (гӯша)-и худ намунаи китобҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2013 инҷониб ҳамасола бо ширкати меҳмонону ноширон аз кишварҳои хориҷа баргузор мегардад.

Соли 2023 намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ширкати меҳмонон аз 7 кишвари хориҷа баргузор гардид. Дар намоишгоҳ ноширони хориҷӣ аз Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Тукманистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.