Дар Эрон имкони таҳвили нафти хом аз ин кишвар ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад, бо масъулини баландпояи бахши энергетикии Эрон имкони таҳвили нафти хомро бо пешниҳоди тахфифҳо ба Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар медиҳад, ки ӯ дар суҳбат бо Муҳсин Покнажод, вазири нафти ин кишвар ин масъала ва масоили ҷалби […]

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад, бо масъулини баландпояи бахши энергетикии Эрон имкони таҳвили нафти хомро бо пешниҳоди тахфифҳо ба Тоҷикистон баррасӣ кардааст.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар медиҳад, ки ӯ дар суҳбат бо Муҳсин Покнажод, вазири нафти ин кишвар ин масъала ва масоили ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, инчунин, табодули таҷрибаи мутахассисони кишварҳоро муҳокима кардааст.

Ду ҷониб, вобаста ба омӯзиши чоҳҳои нафту газдори Тоҷикистон табодули афкор кардаанд.

Ҳамчунин, Далер Ҷумъа дар дидори бо Аббос Алиободӣ, вазири неруи Эрон аҳамияти нерӯгоҳи “Роғун” барои минтақа, раванди пайвастани Тоҷикистон бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи CASA-1000, инчунин кашондани нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Вазири энергетикаи Тоҷикистон ҳамчунин, бо Муҳаммад Ҳайдарӣ, директори генералии ширкати “Фароб” масъалаҳои марбут ба фаъолити НБО “Сангтӯда-2″ муҳокима кардааст

“Зикр гашт, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба кори боэътимоди неругоҳ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ба мақсад мувофиқ мебошад”, – гуфта мешавад дар хабар.

“Сангтӯда-2″ бо сармояи асосии Эрон сохта шуда, агрегати якуми он соли 2011 ва дуввумаш соли 2014 ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат буда, дар маҷмӯъ 220 МВт нерӯи барқ тавлид мекунад. Тавоноии солонаи нерӯгоҳ истеҳсоли 1 миллиард кВт соат муайян шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.