Вазорати маориф ва илм: “Омӯзгорон ҳақ надоранд, духтарони мактабхонро ба пӯшидани тоқӣ маҷбур кунанд”

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Пӯшидани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳои  кишвар ҳатмӣ нест, ин танҳо тавсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ин ниҳод.

Чанд рӯз боз дар гурӯҳи “Tajik Mama Group” дар “Facebook” маҷбур кардани духтарон, ки бо тоқӣ ба мактаб биёянд, баҳс мешавад. Баъзе волидайн пушидани тоқӣ дар мактабҳоро зарурӣ ҳисобида, ишора мекунанд, ки он аҳамияти фарҳангӣ дорад ва аз гармӣ муҳофизат мекунад. Ин дар ҳоле, ки волидайни дигар норозигии худро изҳор намуда, таъкид мекунанд,  ки пӯшидани тоқӣ барои фарзандонашон нороҳатӣ эҷод мекунад.

Як корбари шабакаи иҷтимоӣ, ки духтари ӯ дар мактаби № 66 мехонад,навиштааст, ки роҳбарияти ин мактаб ҳар рӯз дар назди дарвозаи мактаб истода, духтаронро бидуни тоқӣ роҳ намедиҳад.

"Агар рост гӯям, тоқӣ ба ман писанд нест. Аввалан, онҳо хеле нороҳатанд, дуввуман, ҳар рӯз онҳоро пӯшида, танҳо барои ин ки ба касе маъқул шавӣ, воқеан ғайриимкон аст. Духтари 16-17-соларо маҷбур накунанд, ки тоқӣ пӯшанд, зеро онҳо намехоҳанд. Дар ҷашну идҳо хуб аст, вале на ҳар рӯз. Агар ба роҳбарияти мактаб чизе гӯед, муносибат ба фарзанди шумо метавонад тағйир ёбад", – нигаронӣ кардааст ин зан.

Волидайни дигар низ норозигии худро пинҳон намекунанд. Яке аз модарон гуфтааст, ки "ҳар рӯз гиряи фарзандро дигар наметавонам таҳаммул кунам. Пӯшидани тоқӣ махсу дар тобистон, ки аз онҳо "бӯи ширеш" меояд, номувофиқ аст".

Корбари дигар навиштааст, ки "вақте хонандагон дар танаффус медаванду бозӣ мекунанд, тоқиҳо аз сарашон меафтанд".

Вале ҳастанд волидоне, ки пӯшидани тоқиро дар мактабҳо дастгирӣ мекунанд. Тахмина Файзиева, яке аз модарон менависад, ҳам ба худаш ва ҳам ба духтараш пӯшидани тоқӣ дар мактаб писанд аст.

“Духтарҳо, ба ман пӯшидани тоқӣ хеле писанд аст! Духтарам бо завқ дар мактаб тоқӣ ба сар мекунад ва ман хеле хурсанд мешавам, ки чи қадар зебо аст. Ман худам ҳам бе ягон мушкил мепӯшам”, – навиштааст ин зан.

Корбари дигар Фотима гуфтааст, ки пӯшидани тоқӣ бадие надорад, баръакс кӯдаконро аз офтоб эъмин нигоҳ медорад.

 

Вазорат: Ин танҳо тавсия аст

Шерзод Тешабоев, муовини директори мактаби №66 дар шаҳри Душанбе, ки волидайн шикоят карданд, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, пӯшидани тоқӣ дар мактаб танҳо тавсия аст ва роҳ надодани хонандагон бе он ба  асоси воқеӣ надорад.

Тешабоев гуфт, ки аслан хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ин муассиса умуман тоқӣ ба сар намекунанд, танҳо синфҳои 5 то 11 мепӯшанд.

Муовини директори мактаб мегӯяд, дар ҳолати маҷбур намудани хонандагон барои пӯшидани тоқӣ аз ҷониби ягон омӯзгор волидайн метавонанда ба худи ӯ ё директори мактаб муроҷиат кунанд.

Инчунин, падару модар ҳақ доранд, ба Ваазорати мориф ва илми кишвар муроҷиат кунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ин ниҳод иттилоъ доданд, директор ва дигар омӯзгорон ҳуқуқ надоранд, ки хонандагони мактабро барои пӯшидани тоқӣ маҷбур кунанд. Ин танҳо тавсияи ин ниҳод асту халос.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати маориф, меъёри либоси тавсиявӣ барои писарон ва духтарони мактаб нашр карда буд.

Тибқи ин меъёр, пӯшидани ҳиҷоб, шими ҷинси танг ва дарида, юбкаҳои кутоҳ ва танг, инчунин зиёда аз як гӯшвора дар як гӯш ва ороиши равшан ба духтарони мактабхон манъ аст. Пӯшидани рӯймолҳои миллӣ ва сарпӯш – тоқӣ иҷозат дода мешавад. Ба мактаббачагон  пӯшидани футболка бо шиорҳои таблиғотӣ ё тасвири рамзҳои давлатии кишварҳои дигар низ манъ аст.

Қаблан, волидайни хонандагон шикоят карда буданд, ки бархе мактабҳо аз онҳо талаб мекунанд, ки кӯдаконашон бо ҷузвдон ва пойафзоли якхела ба мактаб биёянд. Вазорати маориф ва илм гуфта буд, ки ин ҳама ихтиёрӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...