Номусоидии ҳаво. Ду рӯз боз ҳавопаймо ба Хоруғ парвоз карда наметавонад

Ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Хоруғ аз сабаби номусоидии ҳаво ду рӯз аст наметавонад, ки аввалин парвози худро, ки баъди чанд сол барқарор шуд, анҷом диҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” намояндагони ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” хабар доданд. Дар ширкат зикр карданд, км парвози аввалин пас аз танаффуси ҳафтсола бояд рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 30-юми сентябр анҷом […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Хоруғ аз сабаби номусоидии ҳаво ду рӯз аст наметавонад, ки аввалин парвози худро, ки баъди чанд сол барқарор шуд, анҷом диҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” намояндагони ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” хабар доданд.

Дар ширкат зикр карданд, км парвози аввалин пас аз танаффуси ҳафтсола бояд рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 30-юми сентябр анҷом дода мешуд, лекин бинобар сабаби обуҳавои номусоид ба вақти дигар гузаронида шуд.

“Павроз тариқи ин хатсайр ба имрӯз, 1-уми октябр мавқуф гузошта шуд, лекин боз лозим омад, ки онро  ба рӯзи дигар гузаронем. Бо хуб шудани вазъи ҳаво ҳавопаймо ҳатман павроз мекунад”, – гуфт манбаъ.

Қаблан ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” хабар дода буд, ки парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ–Душанбе дигарбора барқарор шуд. Ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвоз мекунад. Парвоз аз Душанбе соати 8:00 сурат мегирад ва 1 соату 10 дақиқа давом мекунад. Пас аз расидани ҳавопаймо ба Хоруғ соати 10:00 дигарбора ба Душанбе бармегардад.

Нархи билет 900 сомонӣ муқаррар шудааст. Билетҳоро метавон аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои "Тоҷик Эйр", ки дар бинои ин ширкат (кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1) ҷойгир аст, дастрас кард.

Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафар ва бор бо вазни умумии 1750 кг-ро дорад, сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ баъди корношоям гардидани охирин ҳавопаймои АН-28 аз моҳи октябри соли 2017 қатъ гардида буд. Пойтахтро бо ВМКБ шоҳроҳе мепайвандад, ки дар қисми зиёди он дар ҳолати бад қарор дорад. Сокинон аз Хоруғ то Душанбе ва баръакс бо мошин дар 14-16 соат мерасанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.