Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Бохтар як мардро барои куштори ронандаи таксӣ дар ҳолати мастӣ 15 сол ва рафиқи ӯро барои хабар надодан дар бораи ҷиноят як сол равонаи зиндон кардааст.  

Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Додситонии вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” аз қотил Рустамҷон Расулов ном бурд, ки охири моҳи январи соли равон дар ҳолати мастӣ ронандаи автомашинаи “Тайёта-корола” Саидҷон Шодиев, ки ба таксирон машғул буд, бо корд ба қатл расонидааст.

“Ҳодиса тақрибан соати 19:00 рӯзи 31-уми январи соли 2024 рух додааст. Рустамҷон Расулов дар ҳолати мастӣ бо Саидҷон Шодиев, ронандаи таксӣ муноқишаи лафзӣ мекунад. Ронанда аз ӯ хоҳиш мекунад дар дохили мошин суҳбатро давом диҳанд. Рустамҷон Расулов паҳлуи ронанда мешинад ва баҳсашон идома меёбад. Дар натиҷа, ронанда Рустамҷон Расуловро бо мушт мезанад. Расулов аз ин дар ғазаб омада, бо корди бо худ доштааш ба гардани Саидҷон Шодиев мезанад”, – гуфт Варқа Зайниддин.

Ба иттилои номбурда, аз захми корд ронанда Саидҷон Шодиев ба ҳалокат мерасад.

Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи Рутамҷон Расулов рафиқаш Муродҷон Абдуллоев ҳам буд, ки дар ҷараёни куштор ширкат надошт, вале барои хабар надодан ва пинҳон крадани ҷиноят ӯ низ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Бохтар Рустамҷон Расулов барои куштор (модаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, 15 сол равонаи зиндон шуд.

Ҳамчунин, Муродҷон Абдуллоев барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он (моддаи 347) 1 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Назари худи Рустамҷон Расулов ва Муродҷон Абдуллоев, наздикон ва вакилони дифои онҳо маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...