Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Бохтар як мардро барои куштори ронандаи таксӣ дар ҳолати мастӣ 15 сол ва рафиқи ӯро барои хабар надодан дар бораи ҷиноят як сол равонаи зиндон кардааст.   Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Додситонии вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” аз қотил Рустамҷон Расулов ном бурд, ки охири моҳи январи соли равон дар ҳолати мастӣ ронандаи автомашинаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Додгоҳи шаҳри Бохтар як мардро барои куштори ронандаи таксӣ дар ҳолати мастӣ 15 сол ва рафиқи ӯро барои хабар надодан дар бораи ҷиноят як сол равонаи зиндон кардааст.  

Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Додситонии вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” аз қотил Рустамҷон Расулов ном бурд, ки охири моҳи январи соли равон дар ҳолати мастӣ ронандаи автомашинаи “Тайёта-корола” Саидҷон Шодиев, ки ба таксирон машғул буд, бо корд ба қатл расонидааст.

“Ҳодиса тақрибан соати 19:00 рӯзи 31-уми январи соли 2024 рух додааст. Рустамҷон Расулов дар ҳолати мастӣ бо Саидҷон Шодиев, ронандаи таксӣ муноқишаи лафзӣ мекунад. Ронанда аз ӯ хоҳиш мекунад дар дохили мошин суҳбатро давом диҳанд. Рустамҷон Расулов паҳлуи ронанда мешинад ва баҳсашон идома меёбад. Дар натиҷа, ронанда Рустамҷон Расуловро бо мушт мезанад. Расулов аз ин дар ғазаб омада, бо корди бо худ доштааш ба гардани Саидҷон Шодиев мезанад”, – гуфт Варқа Зайниддин.

Ба иттилои номбурда, аз захми корд ронанда Саидҷон Шодиев ба ҳалокат мерасад.

Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи Рутамҷон Расулов рафиқаш Муродҷон Абдуллоев ҳам буд, ки дар ҷараёни куштор ширкат надошт, вале барои хабар надодан ва пинҳон крадани ҷиноят ӯ низ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Бохтар Рустамҷон Расулов барои куштор (модаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, 15 сол равонаи зиндон шуд.

Ҳамчунин, Муродҷон Абдуллоев барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он (моддаи 347) 1 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Назари худи Рустамҷон Расулов ва Муродҷон Абдуллоев, наздикон ва вакилони дифои онҳо маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.