Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод

Имрӯз, 3-юми октябр ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Хоруғ, ки баъди чанд сол дубора аз сар гирифта шуд, нахустин парвози худро анҷом дод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд. Қаблан қарор буд, нахустин парвоз пас аз танаффуси ҳафтсола рӯзи душанбеи 30-юми сентябр сурат бигирад, аммо ба далели номусоидии обуҳаво ин парвоз лағв шуд. […]

Имрӯз, 3-юми октябр ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Хоруғ, ки баъди чанд сол дубора аз сар гирифта шуд, нахустин парвози худро анҷом дод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Қаблан қарор буд, нахустин парвоз пас аз танаффуси ҳафтсола рӯзи душанбеи 30-юми сентябр сурат бигирад, аммо ба далели номусоидии обуҳаво ин парвоз лағв шуд.

Ба иттилои манбаъ, парвоз имрӯз соати 10:15 сурат гирифтааст.

«Дар ҳавопаймо 17 мусофир буд ва парвоз хуб сурат гирифт", – гуфтанд аз фурудгоҳи пойтахт.

Мусофиронро дар Хоруғ ботантана пешвоз гирифтанд.

Чиптаҳо ба Хоруғ ва баръакс 900 сомонӣ нарх дошта, фурӯши он аз 27-уми сентябр оғоз гардида буд. Онҳоро метавон аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои "Тоҷик Эйр", ки дар бинои ин ширкат (кӯчаи Мирзо Мастон Гулов 32/1) ҷойгир аст, дастрас кард.

Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафарро дорад, сурат гирифт. Ин ҳавпаймо моли "Тоҷик Эйр" аст ва қаблан ҳам ба Хоруғ парвоз мекард. Он баъди таъмир дубора парвозро оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвоз мекунад.

Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли 2017 мутаваққиф шуда буд. Пойтахтро бо ВМКБ шоҳроҳе мепайвандад, ки  қисми зиёди он дар ҳолати бад қарор дорад. Сокинон аз Хоруғ то Душанбе ва баръакс бо мошин дар 14-16 соат роҳ мепаймоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.