Вазорат: “Дар Тоҷикистон коронавируси ХЕС ошкор нашудааст, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест”

Ахиран дар Тоҷикистон шаҳрвандон бештар бо табу сулфа ва хастагии музмин ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд. Баъзе сокинон гумон доранд, ки зукоми ҳозира як зернавъи коронавируси ХЕС аст, зеро аломатҳои монанд дорад. Аммо дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин маълумотро рад карда, ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. "Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироят бо […]

Ахиран дар Тоҷикистон шаҳрвандон бештар бо табу сулфа ва хастагии музмин ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд. Баъзе сокинон гумон доранд, ки зукоми ҳозира як зернавъи коронавируси ХЕС аст, зеро аломатҳои монанд дорад. Аммо дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин маълумотро рад карда, ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.

"Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироят бо штамми нави коронавирус — ХЕС сабт нагардида, айни замон дар кишвар зукоми мавсимӣ мушоҳида мешавад, — хабар доданд дар вазорат. – Ҳама озмоишгоҳҳо фаъол буда, тестҳо барои COVID-19 дастрасанд, аммо ягон ҳолати беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо бисёре аз беморон аз тести коронавирус нагузашта, гумон мекунанд аз коронавирус сироят ёфтаанд, аз ин рӯ, овозаҳо ҳам аз ҳамин ҷо пайдо мешаванд”.

Дар Вазорати тандурустӣ зикр карданд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ ваксинаи зидди коронавирус нест ва маълум ҳам нест, ки кай ворид мешавад.

Ҳамзамон Вазорат аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои пешгирӣ, тозагӣ ва гигиенаро риоя намуда, дастҳоро дақиқкорона бишӯянд ва ҳамчунин хонаҳоро салқин нигоҳ доранд. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорат ва пайдо шудани сулфа, Вазорат тавсия медиҳад, ки ба табиб муроҷиат кунанд, ва ҳангоми табобати амбулаторӣ дар хона бимонанд.

Дар дигар кишварҳо вазъият чӣ хел аст?

Дар Русия то имрӯз 7 ҳолати сироят аз штамми нави коронавирус — ХЕС ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Роспотребнадзор, варианти асосӣ дар кишвар то ҳол хатти JN.1 боқӣ мемонад.

Ҳафтаи гузашта дар Русия зиёда аз 32 ҳазор ҳолати сироят ошкор шуд, ки ин нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 29,8% зиёдтар аст. Вазири тандурустӣ Михаил Мурашко афзоиши бемориро тасдиқ карда, аммо итминон дод, ки доруҳои мавҷуда самараноканд.

Варианти нави коронавируси ХЕС бо вариантҳои пешина аломатҳои монанд дорад: табларза, дарди гулӯ, сулфа, гумшавии ҳисси бӯй ва хастагӣ.

Паҳншавии варианти нави ХЕС дар ҷаҳон моҳи май оғоз гардид. Аввалин маротиба он дар Италия, моҳи июн дар Олмон ва баъдтар дар ИМА, Британияи Кабир, Дания ва дигар кишварҳо низ ошкор шуд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ХЕС як зернавъи варианти омикрон аст ва аз гибриди KS.1.1 ва KP.3.3 иборат буда, метавонад базудӣ ба навъи асосии коронавирус табдил ёфта, навъҳои қаблиро иваз кунад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 17 сентябри соли 2024 гузориши тозаи худро дар бораи вазъи бемориҳо дар ҷаҳон нашр кард. Дар давраи аз 22 июл то 18 августи соли 2024 шумораи ҳолатҳои нави беморӣ ва фавт нисбат ба давраи қаблии 28-рӯза (аз 24 июн то 21 июл) мутаносибан 23 ва 44% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.