Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 80% иҷро кардааст

Масъулини ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ки вилоят нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро 80% иҷро кардааст. Музаффар Юнусзода сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, то ҳол 20 ҷамоати деҳоти вилоят нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди вилоят танҳо ноҳияи Шаҳристон нақшаро иҷро 100%  карда, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Спитамен, Панҷакент, Гулистон, Истиқлол ва […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Масъулини ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ки вилоят нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро 80% иҷро кардааст. Музаффар Юнусзода сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, то ҳол 20 ҷамоати деҳоти вилоят нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди вилоят танҳо ноҳияи Шаҳристон нақшаро иҷро 100%  карда, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Спитамен, Панҷакент, Гулистон, Истиқлол ва Исфара дар марҳалаи иҷрои нақша қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода мешуд, ки шаҳри Панҷакент, ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ, Навгилем Лакон ва шаҳраки Шуроби шаҳри Исфара нашқаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҳарбӣ ВМКБ, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва вилояти Хатлон нақшаро пурра иҷро карда буданд.

Ҳоло маълум нест, ки нақшаи даъват дар тамоми кишвар чанд дарсад иҷро шудааст.

Мақомот иҷрои нақша дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи артиши Тоҷикистон” арзёбӣ мекунанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, ба маротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват ба артиш пурра шудани нақша мебошад.

Дар Тоҷикистон солҳои охир, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ яке аз мушкилоти мубрам ба ҳисоб меравад, ки қариб ҳамасола дар замони даъвати баҳориву тирамоҳӣ аксу наворҳо аз “сарбозшикор”-и мақомот расонаӣ мегардад.

Дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.