Gruner Stucky ба таҳияи заминаи техникиву иқтисодии НБО “Чарсем” дар ВМКБ оғоз мекунад

Date:

Ширкати мушовирии Gruner Stucky (Швейтсария) ба корҳо оид ба таҳияи асноди асосноккунии техникӣ-иқтисодии НБО “Чарсем” (ноҳияи Шуғнон, ВМКБ) оғоз мекунад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ин хусус миёни ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва ширкати “Gruner Stucky” шартнома ба имзо расонда шуд. НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, НБО “Чарсем” аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои пайвасти минбаъдаи шабакаҳои асосии “Помир Энерҷӣ” ба шабакаи то ҳоло ҷудобудаи ноҳияи Мурғоб замина фароҳам меорад. Деҳаи Чарсем дар 75 километрии шарқи шаҳри Хоруғ воқеъ аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар ноҳияи Роштқалаъаи ин вилоят дар дарёи Шоҳдара неругоҳи барқи обии “Себзор” сохта шуда истодааст, ки иқтидори лоиҳавиаш ба 11 Мвт баробар аст.

Ҳамчунин дар дарёи Панҷ дар ноҳияи Рӯшон бунёди НБО “Санобод” дар назар буда, иқтидори лоиҳавии он ба 200 МВт баробар аст. Ин иқтидор 4 баробар зиёдтар нисбат ба иқтидори ҳамаи неругоҳҳои барқи обии амалкунанда дар қаламрави ВМКБ мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, айни замон дар қаламрави ВМКБ 11 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии ҳудуди 45 МВт кор мекунанд.

Ба идораи низоми барқи ВМКБ, ки мустақилона аз системаи энергетикии Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар асоси созишномаи консессионӣ бо ҳукумати Тоҷикистон то охири соли 2027 ширкати байналмилалии «Помир Энержи» машғул мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...