Gruner Stucky ба таҳияи заминаи техникиву иқтисодии НБО “Чарсем” дар ВМКБ оғоз мекунад

Ширкати мушовирии Gruner Stucky (Швейтсария) ба корҳо оид ба таҳияи асноди асосноккунии техникӣ-иқтисодии НБО “Чарсем” (ноҳияи Шуғнон, ВМКБ) оғоз мекунад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар ин хусус миёни ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва ширкати “Gruner Stucky” шартнома ба имзо расонда шуд. НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи […]

Ширкати мушовирии Gruner Stucky (Швейтсария) ба корҳо оид ба таҳияи асноди асосноккунии техникӣ-иқтисодии НБО “Чарсем” (ноҳияи Шуғнон, ВМКБ) оғоз мекунад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ин хусус миёни ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва ширкати “Gruner Stucky” шартнома ба имзо расонда шуд. НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, НБО “Чарсем” аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои пайвасти минбаъдаи шабакаҳои асосии “Помир Энерҷӣ” ба шабакаи то ҳоло ҷудобудаи ноҳияи Мурғоб замина фароҳам меорад. Деҳаи Чарсем дар 75 километрии шарқи шаҳри Хоруғ воқеъ аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар ноҳияи Роштқалаъаи ин вилоят дар дарёи Шоҳдара неругоҳи барқи обии “Себзор” сохта шуда истодааст, ки иқтидори лоиҳавиаш ба 11 Мвт баробар аст.

Ҳамчунин дар дарёи Панҷ дар ноҳияи Рӯшон бунёди НБО “Санобод” дар назар буда, иқтидори лоиҳавии он ба 200 МВт баробар аст. Ин иқтидор 4 баробар зиёдтар нисбат ба иқтидори ҳамаи неругоҳҳои барқи обии амалкунанда дар қаламрави ВМКБ мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, айни замон дар қаламрави ВМКБ 11 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии ҳудуди 45 МВт кор мекунанд.

Ба идораи низоми барқи ВМКБ, ки мустақилона аз системаи энергетикии Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар асоси созишномаи консессионӣ бо ҳукумати Тоҷикистон то охири соли 2027 ширкати байналмилалии «Помир Энержи» машғул мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.