Оғози равуои аввалин маршруткаҳои барқӣ дар Душанбе

Дар пойтахти кишвар аввалин микроавтобусҳо ё худ маршруткаҳои барқӣ ба равуо оғоз намуданд. Нахустин чунин микроавтобусҳо ҳоло дар хатсайри №8 ҳаракат мекунанд. Микроавтобусҳои Foton Toano метавонад 17 мусофир ва ронандаро ҷойгир кунад. Нақлиёти замонавӣ ва бароҳат дорои курсиҳои эргономикӣ, бағоҷи васеъ, тарҳи муосир ва сатҳи баланди бехатарӣ мебошад. Бо кондитсионер, чанбарак (рул)-и бисёрфунксионалӣ ва системаи […]

Дар пойтахти кишвар аввалин микроавтобусҳо ё худ маршруткаҳои барқӣ ба равуо оғоз намуданд. Нахустин чунин микроавтобусҳо ҳоло дар хатсайри №8 ҳаракат мекунанд.

Микроавтобусҳои Foton Toano метавонад 17 мусофир ва ронандаро ҷойгир кунад. Нақлиёти замонавӣ ва бароҳат дорои курсиҳои эргономикӣ, бағоҷи васеъ, тарҳи муосир ва сатҳи баланди бехатарӣ мебошад. Бо кондитсионер, чанбарак (рул)-и бисёрфунксионалӣ ва системаи мултимедиявӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Foton Toano бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз аст ва метавонад бо як заряд тақрибан 350 километрро тай кунад. Яъне як пуркунии заряд кифоя аст, ки микроавтобус чанд рӯзи пурра ба мусофирон хизмат расонад.

Электроникунонии нақлиёт дар Душанбе дар чаҳорчӯби сиёсати ҳукумати пойтахт ҷараён дорад. То моҳи сентябри соли оянда пойтахт бояд комилан ба таксиҳои барқӣ гузарад. Автобусҳои мусофирбар низ ба электрикӣ иваз карда мешаванд. Муфассалтар дар гузориши видеоии мо.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.