Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?

Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон–ватани азизи ман" дар соли 2024 ҷамъбаст гардид ва ба ғолибон мукофотпулӣ супорида шуд. 5 нафар барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, ки ба ҳар кадоме 50 ҳазор сомонӣ ва ба ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 мутаносибан 35 ҳазор сомонӣ, 25 ҳазор сомонӣ ва 15 ҳазор сомонӣ дода шуд. Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 5-уми октябр дар Театри опера […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон–ватани азизи ман" дар соли 2024 ҷамъбаст гардид ва ба ғолибон мукофотпулӣ супорида шуд. 5 нафар барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, ки ба ҳар кадоме 50 ҳазор сомонӣ ва ба ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 мутаносибан 35 ҳазор сомонӣ, 25 ҳазор сомонӣ ва 15 ҳазор сомонӣ дода шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 5-уми октябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Имсол озмун аз рӯйи панҷ номинатсия доир шуда, 5 нафар барандаи Шоҳҷоизаи озмун гардиданд:

Фурқат Тоиров – номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ

Фархунда Ғайбуллоева – номинатсияи сарояндагӣ

Ҷалолиддин Абдуллоев – номинатсияи навозандагӣ

Муҳаммадшариф Низомзода – номинатсияи санъати тасвирӣ

Нармин Мирзоева – номинатсияи дизайн

Дар ҳар як номинатсия аз рӯйи ҳар жанр вобаста ба синну сол як нафар ҷойи аввал, ду нафар ҷойи дуввум ва ду нафар ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Номи ғолибони ҷойҳои 1, 2  ва 3-юмро аз ин пайванд хонед.

Дар ин баробар омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмуни мазкур ҷойҳои як, ду ва сеюмро ишғол кардаанд, бо 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд.

Бояд гуфт, ғолибони ин озмун ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон, танҳо тариқи суҳбат имкони таҳсил дар мактаби олии мусиқӣ (консерватория), коллеҷи мусиқӣ ва мактабҳои миёнаи махсуси мусиқиро ба даст оварда, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.

Озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” соли шашум аст, ки дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат ва рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, эҷоди асарҳои нави мусиқӣ ва дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳо арзёбӣ мешавад. Вале аксарият аз он ки оё ин озмун давоми ин солҳо ба ҳадафи худ расид ва оё рисолаташро иҷро мекунад, нигаронӣ доранд.

Имсол ба низомномаи озмуни мазкур чанд навгонӣ ворид гардид.

Аз ҷумла акнун шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору таҳсил доранд, имкони иштирок дар озмуни мазкурро пайдо мекунанд, ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бе супоридани имтиҳон дохил мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми охири хеш дастур дод, ки аз соли оянда мукофотпулии озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Тоҷикистон – ватани азизи ман” як баробар зиёд карда шавад.

Аз соли оянда ғолибони Шоҳҷоиза 100 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.