Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) довталабон (номинантҳо) ба дарёфти ҷоизаҳои ҳамасоларо эълон кард. Маросиси тақдими ҷоизаҳои «AFC Annual Awards» рӯзи 29 октябр Донишгоҳи Кёнхи дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад.

Дар рӯйхати довталабон ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Файзалӣ Сардоров аз Тоҷикистон низ қарор дорад. Ҳамчунин ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) ва Дилшод Раҳматов (Ӯзбекистон) низ довталабӣ мекунанд.

Дар дигар номинатсияҳои ҷоизаҳо намояндагони Тоҷикистон нестанд. Сегонаи аввали довталабон ба унвони беҳтарин футзалисти Осиё аз намояндагони Урдун – Язан Ал-Наймат, Корея – Сёл Юнг-Ву ва Қатар – Акрам Афиф иборат аст.

Намояндагони Осиёи Марказӣ дар се номинатсия пешниҳод шудаанд. Ба ҷуз Сардоров (Тоҷикистон) ва Раҳматов (Ӯзбекистон), дар категорияи “беҳтарин футзалист” Аббос Файзуллоев (Ӯзбекистон) ҳамроҳи намояндагони Ҷопон Гаку Навата ва Корея – Бэ Чжун Хо  ба унвони беҳтарин бозингари ҷавон довталабӣ мекунанд.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба дарёфти унвони беҳтарин федератсияи минтақавӣ (ҳамроҳ бо Федератсияҳои футболи Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ) пешниҳод шудааст. Рӯйхати пурраи довталабон (номинантҳо) дар сомонаи КФО қобили дарёфт аст.

Қобили зикр аст, ки Сардоров дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 иштирок карда, дар Таиланд ду голро ба ҳадаф расонид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...