Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) довталабон (номинантҳо) ба дарёфти ҷоизаҳои ҳамасоларо эълон кард. Маросиси тақдими ҷоизаҳои «AFC Annual Awards» рӯзи 29 октябр Донишгоҳи Кёнхи дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад. Дар рӯйхати довталабон ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Файзалӣ Сардоров аз Тоҷикистон низ қарор дорад. Ҳамчунин ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) ва Дилшод Раҳматов […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) довталабон (номинантҳо) ба дарёфти ҷоизаҳои ҳамасоларо эълон кард. Маросиси тақдими ҷоизаҳои «AFC Annual Awards» рӯзи 29 октябр Донишгоҳи Кёнхи дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад.

Дар рӯйхати довталабон ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Файзалӣ Сардоров аз Тоҷикистон низ қарор дорад. Ҳамчунин ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) ва Дилшод Раҳматов (Ӯзбекистон) низ довталабӣ мекунанд.

Дар дигар номинатсияҳои ҷоизаҳо намояндагони Тоҷикистон нестанд. Сегонаи аввали довталабон ба унвони беҳтарин футзалисти Осиё аз намояндагони Урдун – Язан Ал-Наймат, Корея – Сёл Юнг-Ву ва Қатар – Акрам Афиф иборат аст.

Намояндагони Осиёи Марказӣ дар се номинатсия пешниҳод шудаанд. Ба ҷуз Сардоров (Тоҷикистон) ва Раҳматов (Ӯзбекистон), дар категорияи “беҳтарин футзалист” Аббос Файзуллоев (Ӯзбекистон) ҳамроҳи намояндагони Ҷопон Гаку Навата ва Корея – Бэ Чжун Хо  ба унвони беҳтарин бозингари ҷавон довталабӣ мекунанд.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба дарёфти унвони беҳтарин федератсияи минтақавӣ (ҳамроҳ бо Федератсияҳои футболи Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ) пешниҳод шудааст. Рӯйхати пурраи довталабон (номинантҳо) дар сомонаи КФО қобили дарёфт аст.

Қобили зикр аст, ки Сардоров дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 иштирок карда, дар Таиланд ду голро ба ҳадаф расонид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.