Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад

Рӯзи 8 октябр дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид. Гуфта мешавад, аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад […]

Asia-Plus

Рӯзи 8 октябр дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Зимнан, таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд.

Президенти Тоҷикистон инчунин таъкид дошт, ки дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.

Таъкид гардид, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар рафти раёсати Тоҷикистон таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт.

Рушди ҳамкории парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим номида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

Дар фароварди суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи имрӯза қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ такон мебахшад.

Аз рӯйи натиҷаҳои нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони давлатҳо як қатор қарорҳо ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.