Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон имрӯз, чаҳоршанбе дар раъси як ҳайати калон ба Тоҷикистон меояд. Расонаҳои эронӣ менависанд, яке аз ҳадафҳои муҳими сафар гуфтугӯҳои дуҷониба дар хусуси афзоиши ҳамкориҳо ва мубодилоти тиҷории ду кишвар аст.

Ба навиштаи хабаргузории ИСНО, сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф бо даъвати ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад ва зимни он, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси парлумони Тоҷикистон дидор анҷом медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси парлумони Эрон ҳамчунин дар конфронсе бахшида ба сиюмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ мекунад.

"Яке аз муҳимтарин авлавиятҳои ин сафар гуфтугӯҳои дуҷониба дар хусуси афзоиши ҳамкориҳо ва афзоиши мубодилоти тиҷории ду кишвар аст”, – менависад ин хабаргузорӣ бо такя ба гуфтаи як вакили парлумони Эрон.

Мақомоти Тоҷикистон аз аввалин сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф ба кишвар то ҳол иттилое нашр накардаанд.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи июл дар ҷараёни сафари корӣ ба Эрон бо Муҳаммадбоқир Қолибоф низ вохӯрӣ анҷом дода буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор раиси парлумони Эронро ба Душанбе даъват карда, гуфта буд, ки дар фурсати барояш муносиб ба кишвари мо ташриф орад.

 

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон: аз рушд то рукуд ва баръакс

Бояд гуфт, Эрон аввалин кишварест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро расман эътироф карда, дар Душанбе сафоратхонаи худро ифтитоҳ кардааст.

Пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 равобит бо Эрон пайваста рушд мекард. Дар тӯли 18 сол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 15 маротиба ба Эрон сафар кард ва Ҷумҳурии Исломӣ ба яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт. То соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар ба 300 миллион доллар расид ва сармоягузории Эрон ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва корхонаи муштараки васлкунии тракторҳои “ТоҷиИрон” фаъолона ворид мешуд.

Пас аз раисҷумҳур интихоб шудани Ҳасани Рӯҳонӣ дар моҳи августи соли 2013, равобит сард шуд. Раҳмон дар тӯли ҳашт соли раёсати ҷумҳурӣ (2013-2021) боре ҳам ба Теҳрон сафар накард ва ба далели маҳдудиятҳои воридот ва коҳиши сармоягузории Эрон мизони тиҷорат аз 300 миллион доллар дар соли 2013 то ба 58 миллион доллар дар соли 2020 коҳиш ёфт.

Бо ба сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар моҳи августи соли 2021 дар равобити миёни ду кишвар сафҳаи нав оғоз шуд. Дар соли 2021 гардиши мол то 120 миллион доллар афзоиш ёфт.

Моҳи ноябри соли 2023 Иброҳим Раисӣ баъди интихоб шудан дар маснади раисиҷумҳури Эрон аввалин сафари хориҷии худро ба Тоҷикистон анҷом дод ва зимни он, бо Эмомалӣ Раҳмон Ёддошт дар бораи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эронро имзо кард. Он аз 10 августи соли равон эътибор пайдо кард. Ҳамакнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни дарёфти раводид бо ҳамдигар дидор кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...