“Марзҳои сиёсиро камранг ва муносибатҳоро пурранг кунем”. Эмомалӣ Раҳмон дар Эрон бо киҳо вохӯрд ва чиҳо баррасӣ шуд?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар  ҷараёни сафари корӣ ба Эрон бо Алии Хоманаӣ раҳбари олӣ, Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоб ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон вохӯрӣ анҷом дод.   Дидор бо Хоманаӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии исломии Эрон доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар  ҷараёни сафари корӣ ба Эрон бо Алии Хоманаӣ раҳбари олӣ, Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоб ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон вохӯрӣ анҷом дод.

 

Дидор бо Хоманаӣ

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии исломии Эрон доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи раисиҷумҳури Эронро ба Алии Хоманаӣ табрик гуфта, изҳори бовар кардааст, ки “ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод”.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштааст.

Расонаҳои Эрон аз ин мулоқот менависанд, ки Алии Хоманаӣ гуфтааст, ки барои ҳифзу густариши забони форсӣ ва ҷилавгирӣ аз инзивои он бояд ҳамкории бештар анҷом шавад.

Хоманаӣ дар идома таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии исломӣ ҳамчун гузашта омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф аст.

“Густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон мухолифине дорад, ки бояд барои муқобила бо онҳо барнома вуҷуд дошта бошад”, – гуфтааст Хоманаӣ.

Аммо дар бораи “мухолифин”-и мавриди назари Хоманаӣ ва “барнома”-и оянда муфассал чизе гуфта нашудааст.

 

Вохӯрӣ бо Пизишкиён

Дар мулоқот бо Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт ва хоҳони комёбиҳо шуд.

Ӯ аз Масъуди Пизишкиён даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф орад.

“Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг   изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад”, – зикр мешавад дар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ҳамчунин, зимни мулоқот ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд.

Илова бар ин, ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Масъуди Пизишкиён дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз густариши ҳамкориҳо сухан карда, изҳор доштааст, ки бояд талош кунем марзҳои сиёсиро камранг ва муносибатҳоро пурранг кунем.

“Дидор ва муомила бо шумо барои мо мутафовит ва гуфтугӯ бо забони муштарак бисёр ширин ва дӯстдоштанӣ аст ва бояд аз ин бистар ва зарфиятҳои гуногуни мавҷуд барои таъмини манофеи мутақобил баҳра бигирем”, – афзудааст Пизишкиён.

 

Дидор бо Қолибоф

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯй кардааст.

Зикр гардидааст, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд.

“Зимнан аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноат карда шуд”, – таъкид мешавад дар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намудааст, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояш муносиб ташриф орад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.