Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст

Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани 20 ҳазор сомонӣ айдор шуда, бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Абдухолиқзода А.А. аз 7-уми ноябри соли 2017 то майи соли 2024 дар вазифаи мутахассис – мушовири Суди вилояти Суғд фаъолият намуда, дар давраи […]

Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани 20 ҳазор сомонӣ айдор шуда, бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Абдухолиқзода А.А. аз 7-уми ноябри соли 2017 то майи соли 2024 дар вазифаи мутахассис – мушовири Суди вилояти Суғд фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш ба ҷинояти қаллобӣ даст задааст.

“Моҳи апрели соли 2024 Абдухолиқзода А.А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Б.А.Қ. даромада, дидаву дониста аз он, ки ваколати бекор кардани қарорҳои раиси шаҳри Истаравшан ва ба ҳолати аввала бар гардонидани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии шаҳрванд Б.А.Қ.-ро надорад, аз номбурда худи ҳамон вақт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маблағи 20 000 сомонӣ талаб карда гирифт”, – менависад Агентии зиддифасод.

Гуфта мешавад, ки Абдухолиқзода баъди гирифтани 20 ҳазор сомонӣ ба манфиати шаҳрванд Б.А.Қ. ягон амалро иҷро накарда, маблағи зикршударо тасарруф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд зарари ҷиддии моддӣ расонид.

Ҳоло алайҳи Абдухолиқзода А.А. бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в”, “г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.

Ин банди қонун аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 26 ҳазору 280 то 65 ҳазору 664 сомонӣ) ҷарима ё аз 2 то 5 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Бояд гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2024, ба гуфтаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, се додрас ба ҷавобарии ҷиноӣ ва 7 додрас ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Давоми нӯҳ сол бошад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 26 додрасро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод кардааст.

Ҳарчанд дар фармонҳо дар бораи кирдор мушаххас чизе гуфта нашудааст, вале мувофиқи иттилои расонаҳо, аксари додрасҳо бо гумони ришваситонӣ боздошту зиндонӣ шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.