Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 1500 тонна ангишти истеҳсоли ватанӣ ва кумак бо маводи ғизоӣ гирифтанд, ки бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 6 октябр ангишт ба шаҳру навоҳии минтақа, ки дар он ҷойҳо нуқтаҳои […]

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 1500 тонна ангишти истеҳсоли ватанӣ ва кумак бо маводи ғизоӣ гирифтанд, ки бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 6 октябр ангишт ба шаҳру навоҳии минтақа, ки дар он ҷойҳо нуқтаҳои махсус барои фурӯши он бо нархи дастрас ташкил карда шудаанд, фиристода шуд. Акнун сокинони маҳаллӣ ангиштро қариб якуним баробар арзонтар аз нархи бозор харида метавонанд.

Дар Тоҷикистон ангишти истеҳсоли ватанӣ вобаста ба сифаташ бо нархи чакана аз 1,5 то 2,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Аллакай соли панҷум аст, ки ВМКБ аз Вазорати саноат ва технолгоияҳои нав, инчунин КВД “Ангишти тоҷик” ангишт мегирад.

То оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 фиристодани 5 ҳазор тонна ангишти хушсифат ба дигар минтақаҳои кишвар бо шумули вилоятҳои Хатлону Суғд, инчунин шаҳру навоҳии тобеи марказ ба нақша гирифта шудааст. Ин ба танзими нархҳо ва таъмии аҳолӣ ҷиҳати дастрасӣ ба ангишти арзон кумак мекунад.

Тақсимоти ангишт дар ВМКБ аз ноҳияи Дарвоз оғоз шуда, то дурдасттарин маҳаллаҳои аҳолинишини вилоят расонида мешавад. Ангишт ҳамчунин ба омлаҳои имконияташон маҳдуд ва ниёзманд бепул дода мешавад.

Ғайр аз ин, бо супориши президент ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳру навоҳии ВМКБ 150 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду шакар, равған ва маснуоти макаронӣ тақсим карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.