Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст

Дар шаҳри Алмато (Қазоқистон) нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон вохӯрии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардида, дар ҷараёни он стратегияи баланд бардоштании бехатарии мактабҳо ва устувории муассисаҳои таълимӣ ба офатҳои табиӣ ва хавҳои иқлимӣ баррасӣ шуданд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар Тоҷикистон 255 мактаби воқеъ дар минтақаи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар шаҳри Алмато (Қазоқистон) нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон вохӯрии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардида, дар ҷараёни он стратегияи баланд бардоштании бехатарии мактабҳо ва устувории муассисаҳои таълимӣ ба офатҳои табиӣ ва хавҳои иқлимӣ баррасӣ шуданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар Тоҷикистон 255 мактаби воқеъ дар минтақаи хатари офатҳои табиӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Миқдори зиёди чунин мактабҳо дар вилояти Хатлон (115 мактаб), дар идома дар вилояти Суғд (66), ноҳияҳои тобеи марказ (38), ВМКБ (34) ва Душанбе (3) қарор доштаанд.

Хатари асосие, ки ба ин мактабҳо таҳдид мекунад, фаромадани сел буда, 159 мактаб дар чунин минтақа ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин 33 мактаб ба хавфи болоравии об дар дарёву кӯлҳо ва 15 мактаб – ба хавфи фаромадани сел осебпазир будаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 4000 мактаб фаъолият дошта, дар онҳо 2 млн 280 ҳазор нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳукумат чӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад?

Зикр шуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода санҷиши мактабҳоро дар минтақаҳои хавфнок ба итмом расонида, оид ба мустаҳкам намудани биноҳо ва баргузории чорабиниҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тавсияҳо таҳия мекунад.

Ғайр аз ин, ба масъалаи зарурати омӯзиши омӯзгорону хонандагон ба амалҳо дар ҳолатҳои фавқулода таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

“Кумита ба ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва муассисаҳои таълимӣ баҳри фароҳам сохтани муҳити бехатари таҳсил идома медиҳад”, – гуфтанд дар Кумита.

Дар вохӯри Алмато кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Иштирокчиёни вохӯрӣ пешрафтҳо дар соҳаи бехатарии мактабҳо ва устуворӣ дар соҳаи маориф, беҳбуди қонунгузорӣ ва сиёсат, инчунин зарурати омӯзиш дар самти хатарҳои иқлимӣ ва офатҳои табииро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Даъвт шуд, ки сармоягузорӣ ба таҳкими зерсохтори мактабҳо зиёд шуда, ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳри ҳалли мушкилот тақвият дода шавад.

Кишварҳо ҷонибдории худро ба татбиқи Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 изҳор намуданд. Зикр шуд, ки ҷонибҳои манфиатдор рӯйи бунёди зерсохтори бештар бехатар ва устувори соҳаи маориф, ки ба офатҳои табиӣ ва антропогенӣ истодагарӣ карда тавонад, кор мекунанд.

Барномаи қолабии Сендай чист?

Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 созишномаи байнулмилалиест, ки моҳи марти соли 2015 дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба коҳиши офатҳои табиӣ дар Сендайи Ҷопон қабул шуд.

Барнома ба коҳиши хафвҳои марбут ба офатҳои табиӣ ва бунёди ҷомеаҳои бештар устувор равона шудааст. Ҳадафҳои асосии барнома аз коҳиши теъдоди фавтидагон ва осебдидагон, коҳиши талафҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани устувории зерсохтор ва беҳбуди ҳамкориҳо байни бахшҳо иборат аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.