Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд

Бино ба маълумоти натиҷаҳои назарпурсии платформаи онлайнии рекрутинг (ҷустуҷӯ ва интихоби кормандон)-и hh.ru, аксарияти русиягиҳо (80%) бар ин назаранд, ки теъдоди муҳоҷирон дар минтақаҳои ин кишвар беҳад зиёд аст. Дар ин бора РБК хабар медиҳад. Дар давоми як сол теъдоди афроде, ки чунин посух додаанд, ба андозаи 21% афзудааст. Пурсидашудагон дар чор соҳаи зерин бештар […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти натиҷаҳои назарпурсии платформаи онлайнии рекрутинг (ҷустуҷӯ ва интихоби кормандон)-и hh.ru, аксарияти русиягиҳо (80%) бар ин назаранд, ки теъдоди муҳоҷирон дар минтақаҳои ин кишвар беҳад зиёд аст. Дар ин бора РБК хабар медиҳад. Дар давоми як сол теъдоди афроде, ки чунин посух додаанд, ба андозаи 21% афзудааст.

Пурсидашудагон дар чор соҳаи зерин бештар чунин посух додаанд:

– нақлиёт ва логистика – 92%;

– тиҷорати автомобилҳо – 91%;

– бахши амният – 89%;

– соҳаи сохтмон – 85%.

Назарсанҷӣ моҳи сентбяри соли 2024 гузаронида шуда, дар он ҳудуди 3 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, 12%-и пурсидашудагон теъдоди муҳоҷиронро дар кишвар мувофиқ дониста, боз 4% чунин изҳори ақида кардаанд, ки теъдоди онҳо метавонист зиёдтар бошад. Маъмулан мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT), инчунин кормандони бахши маркетинг (бозорёбӣ), савдои чакана, сайёҳӣ, хӯроки умумӣ ва истихроҷи ашёи хом чунин изҳори назар кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, 58% пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки муҳоҷирон асосан ба ҷойҳое ҷалб мешаванд, ки шароити онҳо барои сокинони маҳаллӣ мувофиқ нестанд. Тақрибан ҳамин қадар, яъне 59%, бар ин назаранд, ки меҳнати муҳоҷирон барои корфармоён арзонтар меафтад. Нисфи пурсидашудагон тахмин задаанд, ки ҷалби муҳоҷирон фоидаовар аст, зеро барои муҳоҷирон ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ дар Русия душвортар аст.

Қариб аз се ду ҳиссаи пурсидашудагон (62%) бар онанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ба минтақаҳои Русия зарар мерасонад. Танҳо 13% дар бораи фоида дар ин маврид сухан гуфтаанд. Ғайр аз ин, ба назари 56%-и пурсидашудагон, муҳоҷирон ҷойҳои кориеро ишғол мекунанд, ки худи сокинони маҳаллӣ метавонистанд дар онҳо кор кунанд. Дар ҳамин ҳол, 39% русиягиҳо омодаанд ин ҷойҳои кориро ишғол кунанд, 28% бошанд, ба ин омода нестанд.

Қаблан дар соҳаҳои тиҷорати бузург душвориҳо зимни кирои муҳоҷирон ба корро номбар кардаанд. Ҳамин тавр, беш аз 37% ширкатҳо зикр кардаанд, ки довталабони хориҷӣ наметавонанд имтиҳони забони русиро супоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.