Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард

Дар шаҳри Конибодом пулис як духтари 19-соларо бо гумони тамаъҷӯӣ пулис боздошт кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохии кишвар хабар дода, навиштааст, ки боздоштшуда акси урёни як мард аз Хуҷандро ҳангоми суҳбат дар “Ватсап” скрин карда, бо таҳдиди паҳн кардани он аз ӯ ду маротиба (як бор 1000 сомонӣ ва бори дуюм 300 сомонӣ) […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Конибодом пулис як духтари 19-соларо бо гумони тамаъҷӯӣ пулис боздошт кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохии кишвар хабар дода, навиштааст, ки боздоштшуда акси урёни як мард аз Хуҷандро ҳангоми суҳбат дар “Ватсап” скрин карда, бо таҳдиди паҳн кардани он аз ӯ ду маротиба (як бор 1000 сомонӣ ва бори дуюм 300 сомонӣ) маблағ гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавонзан моҳи августи дар Хуҷанд ҳангоми харидории телефон бо фурӯшандаи он шинос мешавад.

Ин ниҳод менависад, рӯзи 14-уми ҳамин моҳ гумонбаршуда тариқи “Ватсап” бо ин мард суҳбат карда, аз ӯ хостааст, ки либосашро кашида, баданашро ба ҷавонзан нишон диҳад.

Тибқи иттилои ВКД, ҳангоми анҷоми ин кор боздоштшуда бадани урёни сокини Хуҷандро тариқи скриншот акс мегирад ва бо таҳдиди паҳн кардани он аз ӯ 1000 сомонӣ меситонад. Пас аз як рӯз ҷавонзан бори дигар ба ҷабрдида занг зада, бо роҳи иръоб (шантаж) аз ӯ 300 сомонии дигар мегирад.  

Мақомот бар зидди ин ҷавонзан бо гумони тамаъҷӯӣ (моддаи 250 қисми 1 кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардааст. Ин банди қонун аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи боздоштшуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин ҳодиса дастрас нест.

Қазияи тамаъҷӯи аз ҷониби занон дар Тоҷикистон кам расонаӣ мешавад. Вале мақомот қаблан чандин маротиба мардонеро боздошт ва равонаи зиндон карда буданд, ки бо таҳдиди паҳн кардани наворҳои маҳрамона аз занон маблағ талаб карда буданд.

Чанде пеш низ як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио