Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи воситаҳои ахбори омма”, ки аз сӯи Маҷлиси намоядагон бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда буд, рад кард.

Муаллифони тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” ду қонуни қаблии соҳаи рӯзноманигорӣ: Қонунҳои ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма”-ро якҷо карда буданд. Ҳарчанд гуфта мешуд, ин қонун дар асоси таҷрибаи пешрафта ва хулосаҳои коршиносони байналмилалӣ омода шудааст ва кори расонаҳоро дар кишвар дуруст танзим хоҳад кард, аммо дар қарори ҳукумат омадааст, ки “он дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳимми соҳа таҳия гардидааст”.

Дар қарори ҳукумат якчанд сабабе, ки боиси напазируфтани лоиҳаи қонуни нави матбуот гардидааст, оварда шудааст. Ба гуфтаи мақомот, лоиҳаи қонуни нав мавзуи танзими расонаҳоро пурра дар бар нагирифтааст. Ҳукумат хостааст, бояд ҳар як намуди расона (телевизион, радио, матбуот ва оҷонсиҳо) дар алоҳидагӣ дар қонун танзим шавад.

“Аз ҷумла ҳангоми таҳия таҷрибаи дар амал татбиқгардидаи мақомоти давлатӣ дар самти танзими давлатии воситаҳои ахбори омма ба пуррагӣ истифода нагардида, вобаста ба ҳар як намуди воситаи ахбори омма, ки шакли фаъолияташон фарқ мекунанд, мебояд боби алоҳида бахшида шуда, дар он тарзи ташкил, лаҳзаи оғози фаъолият, зери танзими давлатӣ қарор гирифтан, кадом ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва иҷозатдиҳӣ доштан ва дигар масъалаҳо пешбинӣ карда шавад”, – омадааст дар қарори Ҳукумат.

Сабаби дигаре, ки ҳукумат барои рад кардани лоиҳаи нави қонуни матбуот зикр кардааст, марбути расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи мақомот, дар лоиҳа мавзуи воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Тоҷикистон пурра ҳаллу фасл гардидааст, аммо бояд ба масъалаҳои соҳибистиқлолӣ, амнияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ диққати махсус дода шавад.

Яке аз эродҳои дигари ҳукумат ба қонуни нави матбуот хатоҳои зиёди имлоӣ, техникӣ ва мутобиқ набудани матни русии он ба матни забони тоҷикӣ будааст, ки мақомот хостаанд, ин хатоҳо ислоҳ шаванд.

Дар хулосаи қарори ҳукумати кишвар омадааст, ки “масъалаи ворид намудани муқаррароти лоиҳаи Қонуни мазкур ба лоиҳаи Кодекси иттилооти Тоҷикистон баррасӣ карда шавад”.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ давоми қариб як соли охир таҳия шудааст.

Дар тарҳи нави “Қонун дар бораи воситаҳои ахобори омма” чӣ иловаву дигаргуниҳо ҳаст, дар матлаби “Аз сабти онлайни расона то 60% муҳтавои ватанӣ ва забони ишора. Тарҳи қонуни нави ВАО чӣ дорад?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...