Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон

Толибон* дар Афғонистон нашри тасвирҳои зинда дар расонаҳоро манъ мекунад. Дар ин бора бахши форсии хабаргузории “Франс-пресс” бо такя ба суханони Сайфулислом Хайбар, сухангӯи вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ин мақомдори Толибон, қонуни манъи интишори тасвирҳои зинда дар расонаҳои баъзе аз вилоятҳои Афғонистон ба монанди Қандаҳор, Ҳилманд ва […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Толибон* дар Афғонистон нашри тасвирҳои зинда дар расонаҳоро манъ мекунад. Дар ин бора бахши форсии хабаргузории “Франс-пресс” бо такя ба суханони Сайфулислом Хайбар, сухангӯи вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ин мақомдори Толибон, қонуни манъи интишори тасвирҳои зинда дар расонаҳои баъзе аз вилоятҳои Афғонистон ба монанди Қандаҳор, Ҳилманд ва Тахор ба иҷро даромадааст. Ба гуфтаи ӯ, ин қонун ба тадриҷ дар саросари Афғонистон ҷорӣ хоҳад шуд. Сайфулислом Хайбар муддаъӣ шудааст, ки нашри тасвирҳо зинда дар расонаҳо хилофи қавонини исломӣ аст.

Бояд гуфт, Толибон дар ҳокимияти қаблии худ  дар Афғонстон дар солҳои 1996-2001 низ тасвири мавҷудоти зинда дар расонаҳоро манъ карда буданд.

Хабаргузорӣ навиштааст, ки Толибон пас аз дигарбора баргаштан ба сари қудрат дар Афғонистон шумори хабарнигоронро аз 8 ҳазору 100 нафар то 5000 нафар коҳиш доданд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Толибон пахши барномаҳои зинда, интиқоди қонунҳову пулис ва даъвати меҳмонони тасдиқнашуда аз ҷониби ин гурӯҳро барои расонаҳо манъ карда буд.

 

Толибон аз Ӯзбекистон хостанд барномаҳои мусиқӣ дар бозори муштараки Тирмизро лағв кунад

Расонаҳои маҳаллии Афғонистон хабар медиҳанд, ки гурӯҳи Толибон бо баргузории консерт ва барномаҳои мусиқӣ дар бозори марзии Тирмиз, шеҳри Ӯзбекистон дар марз бо Афғонистон мухолифат кардаанд ва аз мақомоти Ӯзбекистон хостаанд, ки иҷозаи чунин барномаҳоро дар ин бозор надиҳанд. Толибон ҳушдор додаанд, ки дар сурати идома ёфтани барномаҳои мусиқӣ дар ин бозори марзӣ ба шаҳрвандони Афғонистон иҷоза намедиҳанд, ки ба ин бозор биёянд.

Расман дар ин маврид мақомоти Толибону Ӯзбекистон чизе нагуфтаанд ва маълум нест, ки ба ин дархости Толибон Ӯзбекистон чӣ посухе медиҳад. 

Расонаҳои маҳаллии Афғонистон бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки то ин вақт дар бозори Тирмиз барои боздидкунандагони бозор консертҳо баргузор мегардидааст ва ҳунармандон аз Ӯзбекистон низ шабона дар он ҷо суруд мехондаанд.

Бояд гуфт, бозори Тирмиз дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар марз бо Афғонистон қарор дорад. Дар он тоҷирони афғонистонӣ низ фаъолият мекунанд. Тибқи як тафоуҳме, ки байни Толибону Ӯзбекистон имзо шудааст, шаҳрвандони Афғонистон бидуни раводид (виза) ба муддати 15 рӯз дар бозори Тирмиз ба харидуфурӯши молу колои худ машғул шуда метавонанд.

Бояд гуфт, Ӯзбекистон аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бо ин гурӯҳ робитаи хубро роҳандозӣ карда, намояндагони ин кишвар чандин маротиба ба Кобул сафар кардаанд. Ҳамчунин, Тошканд мизбони яке аз конфронсҳо оид ба ҳалли мушкили Афғонистон буд, ки дар он намояндагони Толибон ҳузур доштанд.

Моҳи август Абдулло Орипов, нахуствазири Ӯзбекистон бори аввал пас аз ба қудрат расидани Толибон ба Афғонистон сафар ва бо роҳбарони кунунии ин кишвар мулоқот кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.