“Мавъизаҳои шайхҳои арабтаборро ба дӯстонаш мефиристод”. Додгоҳи Хуҷанд як нафарро бо ҷурми ифротгароӣ барои 5 сол равонаи зиндон кард

Дар шимоли Тоҷикистон як нафар барои ташкили фаъолияти ифротгароӣ муттаҳам ва барои 5 сол равонаи зиндон шудааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Аминов, сокини 46-солаи ин шаҳрро ба он гунаҳкор донистааст, ки “дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору навиштаҳои хусусияти динидоштаро ҷонибдорӣ мекард”. Шаҳриёр Искандарзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ҷамшед […]

Дар шимоли Тоҷикистон як нафар барои ташкили фаъолияти ифротгароӣ муттаҳам ва барои 5 сол равонаи зиндон шудааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Аминов, сокини 46-солаи ин шаҳрро ба он гунаҳкор донистааст, ки “дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору навиштаҳои хусусияти динидоштаро ҷонибдорӣ мекард”.

Шаҳриёр Искандарзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ҷамшед Аминов 15-уми август, мувофиқи моддаи 307, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) айбдор дониста шуд.

Ҷамшед Аминов аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикоят кардааст, аммо додгоҳи вилояти Суғд баъди баррасии шикояти ӯ, 9-уми октябр ҳукмро бетағйир мондааст.

Шаҳриёр Искандарзода гуфт, Ҷамшед Амонов соли 2021 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук  бо номи “Jamshed Aminov” саҳифа боз карда,  то замони боздошт шудан аз он истифода кардааст.

Дар ҳукми Аминов зикр шудааст, ки ӯ аз саҳифаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба даҳҳо гурӯҳи (номи чанд гурӯҳ зикр шудааст) мӯҳтавои динидошта обуна шуда, дар зери наворҳои динӣ, аз ҷумла мавъизаҳои шайхҳои арабтабор, ки бештар ба забони русӣ буданд, “лайк” гузоштааст ва онҳоро ба дӯстонаш фиристодааст.

Аммо маълум нест, ки ин гурӯҳҳо дар куҷо ифротиву мамнӯъ эълон шудааст, мӯҳтавои он чӣ гуна ташхис гардидааст, тамошову писандидани он ва ё ирсоли он ба дигарон хилофи қонун аст.

Назари худи маҳкумшуда ва наздиконаш ҳам оид ба иттиҳом ва ҳукм маълум нест.

Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд  барои ҷонибдорӣ ва тарғиби ақидаҳои динӣ ҳамасола даҳҳо сокинон аз озодӣ маҳрум мешаванд ва ин омор тамоюли зиёдшавӣ дорад. Танҳо дар шаш моҳи имсол суди вилояти Суғд 110 парвандаи ҷиноятиро нисбати 130 нафар вобаста ба терроризм ва экстремизм  баррасӣ кард, ки дар қиёс бо соли гузашта 39 адад зиёд аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.