Беш аз 40 ношир ва 5 ҳазор китоб. Гузориш аз намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе ду рӯз инҷониб намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ширкати меҳмонону ноширон аз 7 кишвари хориҷа баргузор мешавад. Ноширон бовар доранд, ки баргузории ин намоишгоҳ ба рушди равобити фарҳангӣ ва сифати чопи китобҳо таъсир мерасонад ва мақсад доранд, ки дар фарҷом миёни ҳам шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд. “Азия-Плюс” аз ин намоишгоҳ гузориш таҳия кард.

 

Ширкати 40 ношир аз 7 кишвари хориҷа

Намоишгоҳ дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он, ба ғайр аз ноширони ватанӣ, ноширону адибон аз давлатҳои Туркия, Эрон,  Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон беҳтарин намунаҳои китобҳои нашриёти хешро пешниҳод  намудаанд.

Имсол беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро аз адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдакона, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоёт ба алоқамандони китоб пешниҳод кардааст.

Барои ҳар як нашриёт ғурфаҳои ҷудогона муҳайё шудааст ва ноширони хориҷӣ ба ҷуз китоб, инчунин бархе рамзҳои миллиашонро ҳам манзури тамошобинону харидорон гардонидаанд.

Дар рӯзи нахустини баргузории намоишгоҳ анбӯҳи зиёди меҳмонону сокинони пойтахт, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои гуногун дар Душанбе ширкат доштанд.

Аммо дар рӯзи дуюми баргузории намоишгоҳ толори бузурги Осорхонаи миллии Тоҷикистон камодам ба чашм мерасад ва ноширон аз он ки харидор ё ҳаводор надоштанд, худ ба китобхонӣ пардохтаанд.

 

Равобити фарҳангии кишварҳоро беҳтар месозад

Ҳомиди Муҳаққиқ, намояндаи Хонаи китоб ва адабиёти Эрон, ки дар намоишгоҳ ширкат меварзад, бар ин назар аст, ки он ба такмил ва беҳтар шудани равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон замина муҳайё месозад.

Хонаи китоб ва адабиёти Эрон беш аз 300 унвон китоб ба намоишгоҳи “Китоби Душанбе” овардааст, ки дар ин радиф адабиёти классик ва муосири форсу тоҷик шомиланд.

“Адабиёти классик, ки муштарак бо Тоҷикистону Эрон аст, заминаи равобити ҳасанаи ду кишвар, ба вижа миёни адибон гардидааст. Ин китобҳо дар ҳама давру замон аз аҳамияти вижа бархӯрдор буд ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирифт. Ҳоло бар замми адабиёти классик, мо намунаи китобҳои шоирону нависандагони муосири Эронро ба намоишгоҳи “Китоби Душанбе” овардем, ки ҳаводор, харидор ва хонанда дорад.”, – гуфт Ҳомиди Муҳаққиқ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Хонаи китоб ва адабиёти Эрон инчунин намунаи китобҳои шоиру нависандагони тоҷикро, ки бо хатти форсӣ баргардон, таҳия ва дар Эрон нашр кардааст, ба намоишгоҳи “Китоби Душанбе” овардааст.

Ҳомиди Муҳаққиқ бар ин бовар аст, ки баргузории намоишгоҳи “Китоби Душанбе” ба рушди беш аз пеши равобити адабии Эрону Тоҷикистон замина хоҳад гузошт ва адибони муосири ду кишвар ҳам беш аз пеш бо эҷоди ҳамдигар ошно хаҳанд гардид.

 

Ноширон бо ҳам шартома мебанданд

Асадулло Исмоилзода, сармуҳаррири Хонаи табъу нашри “Маҳорат”-и Ӯзбекистон ҳам бар ин бовар аст, ки баргузории ин намоишгоҳ ноширони кишварҳои гуногунро ба ҳамдигар ошно месозад ва заминаи беҳтар кардани чопи китобҳо мегардад.

Исмоилзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ноширони Туркия, Эрон,  Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки дар фарҷоми намоишгоҳ бо ҳамдигар шарномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

“Баргузории намоишгоҳи “Китоби Душанбе” ноширони гуногунро аллакай бо ҳам шинос кард ва ман бовар дорам, ки ин гуна равобит пайдо кардан дар оянда ба сифати чоп ва беҳтар кардани кори нашриёт таъсир хаҳад расонид”, – муътақид аст сармуҳаррири Хонаи табъу нашри “Маҳорат”-и Ӯзбекистон.

Дастандаркорон ҳам мегӯянд, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Меҳмонон ва харидорон барои тамошо ва хариди китобҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англистӣ, ӯзбекӣ, ҳиндӣ, туркӣ, туркманӣ ва инчунин бо хатти форсӣ омадаанд.

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 24-уми октябр идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки ин намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” аст ва он аз соли 2013 инҷониб ҳамасола бо ширкати меҳмонону ноширон аз кишварҳои хориҷа баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...