Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Қазон рафт

Субҳи имрӯз, 23-юми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Русия сафар кард. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 23-юми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Русия сафар кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 22-ми октябр дар шаҳри Қазони Русия нишаст (саммит)-и 16-уми БРИКС оғоз гардид ва қарор аст то 24-уми октябр идома ёбад. Дар ин нишаст ширкати 20 ҳазор меҳмонони воломақом аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла 36 сарвари давлат, дар назар аст.

Ин чӣ гуна иттиҳодия аст ва имконияти ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба он чӣ гуна хоҳад буд, дар матлаби Оё барои Тоҷикистон узвият дар БРИКС зарур аст? мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.