Ҳушдори мақомоти ҳифзи муҳити зисти Суғд: “Сӯзонидани партову хазон қатъиян манъ аст”

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сокинонро огоҳ кард, ки сӯзонидани партову барги дарахтон қатъиян манъ аст ва барои ин кор муҷозот пешбинӣ гардидааст.

Абдуқаҳҳор Қаюмов, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гуфт, ки сӯзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва майдону боғҳои Суғд дар мавсими хазонрез қатъин манъ аст. “Барои онҳое, ки дар ҷойҳои манъшуда партов ё барги дарахтонро месӯзонанд, мувофиқи талаботи моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ муҷозот пешбинӣ шудааст”, – гуфт Абдуқаҳҳор Қаюмов.

Бояд гуфт, мувофиқи ин моддаи кодекс барои риоя накардани талаботи муҳофизати атмосфера ҳангоми сӯхтани партовҳо шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се нишондиҳанда, (аз 72 то 216 сомонӣ), шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда, (2160 то 2880 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда (аз 7200 сомонӣ то 14400 сомонӣ) ҷарима карда мешаванд.

Абдуқаҳҳор Қаюмов зикр кард, ки дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли 2024 6 ҳазору 500 қонуншиканӣ вобаста ба партов, ҳифзи муҳит, ғайриқонунӣ буридани дарахтон, доштани моҳӣ ва шикор ошкор гардидааст. Дар натиҷа 1 ҳазору 147 ҳолати қонуншиканӣ барои расонидани зарар ба табиат муайян шуда, 374 ҳазору 206 сомонӣ ҷубронӣ зарар пардохт гардидааст. Аксари ин қонуншиниҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ашт ва шаҳрҳои Конибодому Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.

Қаблан Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки давоми 8 моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 578 нафарро барои ифлос кардани ҳаво дар маҷмуъ, 118 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Аксари онҳо соҳибони ошхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ буданд, ки бевосита ба ҳаво партов хориҷ мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...