Муфтии Ӯзбекистон дар раъси як ҳайати уламои динии ин кишвар барои мулоқот бо Толибон рафтааст

Date:

Ҳайате аз уламои Ӯзбекистон бо сардории муфтӣ ва раиси идораи мусулмонони ин кишвар Нуриддин Холиқназаров ба Афғонистон рафтаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар дода, навиштаанд, ки ин сафар рӯзи 23-юми октябр бо даъвати Нурмуҳаммад Соқиб, вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Толибон* сурат гирифтааст.

Аз Вазорати иршод, ҳаҷ ва авқофи Толибон ба расонаҳо гуфтаанд, ки уламои дини Ӯзбекистон барои беҳбуди масоили динӣ ва омӯзишҳои исломӣ, ҳамчунин, тавсеаи равобит миёни улмои ду кшвар, ҳамкори ва табодули таҷриба дар умури масҷиду мадрасаҳо бо Толибон гуфтугӯ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки ин ҳайат аз маконҳои таърихӣ ва машҳури Афғонистон боздид кардааст.

Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки сафари уламои Ӯзбекистон ба ин кишвар дар ҳолест, ки нақши Ӯзбекистон дар пуштибонӣ аз гурӯҳи Толибон ва шариати мавриди назари ин гурӯҳ ва ҳамзамон маҳдудиятҳои динӣ ва мазҳабӣ аз ҷумла, мамнуъият дар чигунагии риши мардон ва ҳиҷоби занон дар Ӯзбекистон бо интиқодҳое ҳамроҳ будааст.

Бояд гуфт, хабаргузориҳои Афғонистон чанд моҳ пеш аз сохтани як мадрасаи динӣ аз ҷониби Ӯзбекистон дар вилояти Балхи Афғонистон ва ба ихтиёри Толибон додани он хабар дода буданд.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон яке аз кишварҳоест, ки бо фарқ аз Тоҷикистон бо Толибон, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, равобити танготанг дорад. Ин кишвар ҳарчанд ҳукумати Толибонро расман эътироф накардааст, аммо намояндангони расмии он, аз ҷумла дар сатҳи сарвазир ба Кобул сафар кардаву бо намояндагони Толибон мулоқот мекунанд. 

Ахиран ин кишвар Ойбек Усмонов, дипломати 62-солаи худро  сафири нави Ӯзбекистон дар Афғонистон таъин кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...