Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифт

Дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U17) баъди се ғалаба дар марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “J” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифтанд. Дар охирин бозии худ наврасони тоҷик ҳамтоёнашон аз Уммонро бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб карданд. Пештар аз ин дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи Сингапур бо ҳисоби […]

Asia-Plus

Дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U17) баъди се ғалаба дар марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “J” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифтанд.

Дар охирин бозии худ наврасони тоҷик ҳамтоёнашон аз Уммонро бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб карданд.

Пештар аз ин дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи Сингапур бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба ба даст оварда буд.

Дар бозии аввал бошад, мунтахаби Тоҷикистон тими Гуамро бо ҳисоби бузурги 33 бар 0 шикаст дода буд.

Баъди се ғалаба дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти интихобии гуруҳи “J” мунтахаби футболи то 17-солаҳои Тоҷикистон дар умум бо ба даст овардани 9 хол садрнишини гурӯҳ гашт ва ба Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт.

Ҷоми Осиё-2025 аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.